Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Образсов Сергей Владимирович

Образсов Сергей Владимирович

Образсов Сергей Владимирович (таваллуд 5.7.1901, Москва), арбоби те- атри советии рус, актёр ва режис­сёр. Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалиста (1971). Солҳои 1918—26 дар факултети рассомии Корхонаҳои олии рассомӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1922—30 артисти Студияи мусиқии МХАТ ва солҳои 1930—36 студияи 2-юми МХАТ.

Дар миёнаи солҳои 30 чун артисти эстрада шӯҳрат ёфт. Образсов соли 1920 бори аввал бо зочаҳо баромад карда, минбаъд дар жанри пародиявии «Романс бо зочаҳо» ҳаводорони зиёде пайдо кард. Аз соли 1931 ба Театри марказии давлатии зочабозон сарварӣ кардааст.

Дар кори ба амал баровардани назария ва методикаи ин театр, тартиб додани репертуари он ва тарбияи кадрҳо ҳиссаи калон гузоштааст. Асарҳои басаҳнагузоштаи Образсов барои бачагон: «Каштанка»-и Б. В. Сперанский (1935), «Чароғи Алоуддин»-и Н. В. Гернет (1940), «Мистер Твистер»-и С. Я. Маршак (1961), «Палангча-Петрик»-и Н. В. Гернет (1965); барон калонсолон — «Шаби пеш аз мавлуд», «Шоҳгавазн»-и Б. В. Сперанский (1941, 1943), «Консерта ғайриоддӣ», «Осиёби иблис» ва «Мазҳакаи илоҳӣ»-и И. В. Шток (1946, 1953, 1961), «Инҷо Театри марказии зочабозон» (1973). Образсов аз соли 1956 дар кино ҳамчун сена­рист ва режиссёр низ баромад мекунад. «Аҷоибот ин ҷост» (1962), «Ки­нокамера айбдор мекунад»  (1968), «Ҳақиқати шубҳанок» (1970), «Ба кӣ даркор ин Васка» (1973) аз қабили филмҳои ӯст.

Ноиб-президенти Иттифоқи байналхалқии зочабо- зон (аз 1957) ва президента маркази советии ин ташкилот (аз 1958). Аз соли 1935 ба корҳои педагоги машғул аст (аз 1973 профессор). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946) ва Мукофоти давлатии РСФСР ба номи К. С. Станиславский (1967). Бо 2 ор­дени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …