Маълумоти охирин

Обраҳа

Обраҳа, иншооти обгуза­рон, иншооти гидротехникист барои то ҷои истеъмол бурдани об. Обраҳа аз дарё, обанбор, кӯл 6 ҳавзҳо ибтидо меёбад. Обраҳаҳои энергетикӣ (барои ба гидроэлектростансияҳо додани об), заминро обёрикунанда ва обтаъминкунандаи маҳал мавҷуданд.

Обраҳаро дар намуди ҷӯйборҳои сунъии пӯшида (трубопроводҳо ва туннелҳое, ки аз таги замин гузаронда мешаванд) ё кушода (кашише ё новаҳое, ки дар ҷойҳои кофтаи сатҳи замин, рӯ-рӯи хоктеппаҳо ё дар болои такягоҳ — эстакадаҳо ҷойгир карда мешаванд) аз пӯлод, оҳанубетон, асбестусемент, чӯб ва ғайра месозанд.

Обраҳаи оханубетон Тошрабои водии Вахш.

Дар Тоҷикистон Обраҳаҳое сохта шудаанд, ки дар энергетика, обёрӣ ва бо об таъмин намудани аҳолӣ хизмат мекунанд. Калонтарини онҳо Обраҳаи турби- нии ГЭС-и Норак; Обраҳаи деривасионии ГЭС-ҳои Шаршара ва Марказӣ мебошанд. Бо ёрии Обраҳаҳои дарозиашон 12,5 километр заминҳои водиҳои Ёво- ну Обикиик обёрӣ мешаванд.

Сохтмони Обраҳа ба водии Данғара (дарозиаш 13,7 километр) калонтарин Обраҳаи респуб­лика дар водии Вахш (дарозиаш 96 киллометр) ва Обраҳаи пуриқтидор аз дарёи Кофарниҳон ба комбинати электрохимиявии Ёвон (январ 1980) давом дорад. Нигаред низ Иншооти гидротех­ника.

Адабиёт: Гришин М. М., Гидротехниче­ские сооружения, Москва, 1968.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …