Маълумоти охирин

Обнӯс

Обнӯс, (эбеновое дерево) якчанд навъи хурмои худрӯй (аз оилаи обнӯсиҳо ва ғайра) ва чӯби онхоҳро гӯянд. Хелҳои беҳтарини чӯби Обнӯсро аз чанд намуди хурмои тропикӣ (масалан, Diospyros crassiflora,ebenum, D. haplostylis ва ғайра) ме­гиранд. Мағзи чӯби Обнӯс сиёҳу вазнинаст. Обнӯси сабзро асосан аз Тесоме, ки ба оилаи бигнониҳо мансуб буда, дар Америкаи Марказӣ мерӯяд, мегиранд.

Обнӯсро барои ороиши мебелҳои қиматбаҳо, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра истифода мебаранд. Дар адабиёте, ки ба тибби форсу тоҷик (масалан, асарҳои Закариёи Розӣ, Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигар) оиданд, Обнӯс (D. ebemim)-po чун растании доруӣ тавсиф кардаанд. Масалан, Сино бо дору ва марҳаме, ки аз Обнӯс тайёр мекард, касалиҳои чашм (илтиҳобу гули чашм ва ғайра) ва санги гурдаро табобат менамуд. Дар СССР ба ҷои Обнӯс чӯби хурмои кавказӣ (D. lotus)-ро, ки дар Закавказия ва Осиёи Миёна (Тоҷикистон ва Узбекистон) месабзад ва ба номи Чил- ванг маъмул аст, истифода мебаранд.

Чилванг ё ангурчӣ дарахти худрӯест, ки дар шароити табиии Тоҷикистон то 20 метр қад мекашад. Баргаш калон (дарозиаш то 14 сантиметр, бараш 4,5 сантиметр), байзашакл; гулаш зангуламонанд, зарди сурхтоб; мевааш лӯнда (диаметраш то 2,5 сантиметр), баъди пухтанаш сиёҳи кабудтоб (вазнаш 3—4 грамм), 6—10-то тухм дорад. Миёнаҳои май гул мекунад; мевааш октябр— ноябр мепазад. Аз ҳар бехи он 150—200 килограмм мева гирифтан мумкин. Чилванг дар табиат аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (вегетативӣ) зиёд мешавад. Ниҳоли он апрел— май мерӯяд. Соли 1-ум 15— 20 сантиметр ва дар муддати 10 сол то 1 метр қад мекашад. Чилванги 20-сола 5— 6 метр, 30-сола 7—12 метр ва 40-сола 18— 20 метр мешавад. Ба чилванг навъҳои гуногуни хурморо пайванд мекунанд. Онро дар сабзкории шаҳру деҳоти республика, инчунин ҷангалдорй (алалхусус барои мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо) истифода бурдан мумкин аст.

Адабиёт: И б н С и н о. Канон врачебной науки, книга 2, Ташкент, 1956; Качалов А. Адабиёт, Деревья и кустарники, Москва, 1970; Ж у к о’в с к я и П. М., Культурные ра­стения и их сородичи. Ленинград, 1971; З а п р я га ев а В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …