Маълумоти охирин

Обмонӣ

Обмонӣ, обдорӣ, обёрӣ, обдиҳии заминҳои кишт, чарогоҳ ва ғайра. Усулҳои Обмонӣ (вобаста ба тақсими об дар замин ва онро аз худ кардани хок) ҷӯякӣ (обро ба ҷӯякқо cap медиҳанд), палакӣ (оби ба палҳои дароз сардодашуда баробар паҳн ме­шавад) ва обкӯлкунӣ мешавад.

Обмонии ҷӯякиро ҳангоми кишти пахта, лаблабуи қанд, ҷуворимакка, сабзавот ва ғайра, баъзан дар ғаллазор ва бо­ғу токзор истифода мекунанд, Обмонии ҷӯякӣ се хел мешавад; Обмонии ҷӯякии обаш гузаро (чуқуриаш 8—25 сантиметр), ҷӯякҳои паҳн (25—30 сантиметр) ва ҷӯякҳои сӯрохдор (35—40 сантиметр). Ҷӯякҳоро бо ҷӯяккашак мекашанд.

Масофаи байни онҳо ба бари байни қаторҳо (45—70 сантиметр) мувофиқ аст, ҳангоми обмонии пеш аз кишт —90—140 сантиметр; дарозии ҷӯякҳо (100—400 метр) ба ни- шебии қитъа ва хосияти обгузаронии хок вобастааст. Сарфи оби ҷӯяк —1—4 литр/сония.

Обмонии палакӣ ҳангоми обдиҳии қитъаҳои камбари алаф ва зироати ғалладона, дар боғу токзор истифода мешавад. Қитъаи обмониро ба палҳои бараш ба бари тухмипошак (се­ялка) баробар тақсим мекунанд ва атрофи палҳоро марза мегиранд (баландиаш 15—25 сантиметр). Дарозии палҳо 150—400 метр, 0,002—0,01 метр нишеб бошад.

Обмонии палакии киштзор яке аз усулҳои қадимтарини обмонӣ аст. Ин усулро барои обшӯй кардани замин, обёрии марғзорҳо, парвариши шолӣ ва ғайра истифода мекунанд. Барои обёрӣ намудани шолизор онро ба палҳо (аз 1 то 4 га) ё қитъаҳо (12—16 га) тақсим карда, атрофи онҳоро марзаҳои муваққатӣ мегиранд (марзаҳои қади палро доимӣ ва моил месозанд). Барои баробар обёрӣ шудани палҳо ва сарфи ками об сатҳи замини киштро ҳамвор мекунанд.

Обкӯлкунӣ яке аз қадимтарин усулҳои Обмонӣ аст. Асосан ҳангоми шустани шӯрхок, обдиҳии марғзор, шоликорӣ, баъзан киштгардони шо­лӣ ва ғайра ба кор мебаранд. Барои обдиҳии шолизор заминро ба палҳо (аз 1 то 16 га) ҷудо мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …