Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Облигасия

Облигасия

Облигасия (аз лотинӣ Obligatio — ӯҳдадорӣ), коғази қимматнок, ки соҳибаш ҳуқуқ дорад вобаста ба қиммати он ба шакли фоиз даромад ги­рад. Муассиса ё шахсе, ки Обласияроро мебарорад, ӯҳдадор мешавад, ки пас аз мурури вақти муайян Облигасияро боз харида гирад, ғайр аз ин дар муддати амали Облигасия соҳиби он ба шакли бурд даромад ҳам мегирад. Дар СССР фа- қат давлат ҳақ дорад, ки барои заёми дохилӣ Облигасия барорад.

Облигасия як навъ аҳди гражданию ҳуқуқӣ мебошад, ки мувофиқи он давлат аз гражданҳо пул қарз мегираду гражданҳо пасандози худро ба тариқи қарз ба дав­лат медиҳанд. Дар айни ҳол Облигасияи заёми 3% дохилӣ дар муомилот аст,ки солҳои 1966—1982 ба муддати 20 сол бароварда шудаанд. Ба соҳибони ин заём даромад ба шакли бурдҳои пу­лӣ дода мешавад. Облигасияро кассаҳои амонатӣ бемалол мефурӯшанд ва мехаранд (нархи фурӯши онро Вазорати молияи СССР муқаррар мекунад; кассаҳои амонатӣ Облигасияро мувофиқи қимати он харида мегиранд).

Облигасияро ба амонат гузоштан, ҳадя кардан ва мерос додан ҳам мумкин аст. Пули Облигасия дар муддати мӯҳлати муомилоти он ва илова бар он дар муддати якуним сол, ки чун мӯҳлати имтиёзӣ муқаррар мегардад, баргардонда ме­шавад. Агар дар ин муддат соҳиби Облигасия пули онро нагирад, Облигасия аз эътибор соқит мешавад. Ҳам аз худи Облигасия ва ҳам аз бурди он андоз гирифта на- мешавад.

Дар мамлакатҳои капиталисти Облигасияро ширкатҳои саҳмдорон ва давлат мебароранд ва он яке аз шаклҳои капитали сохта мебошад. Дар мам­лакатҳои капиталистӣ Облигасияҳо чун ка­питали қарзӣ дар муомила мебошанд ва соҳиби қурби худ ҳастанд, ки он ба миқдори даромад ва талабу таклифи Облигасия вобаста мебошад.

Давлат маблағеро ки аз фурӯши Облигасия ба даст меоварад, барои пардохти дефисити бюҷет, ки сабабгори асосии он хароҷоти ғайриистеҳсолӣ, пеш аз ҳама мусаллаҳшавии бошитоб мебошад, истифода мебарад. Қарзе, ки аз фурӯши Облигасия ба вуҷуд меояд, асосан аз ҳисоби андозҳои аз меҳнаткашон ситонида дода мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …