Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҷувоз

Обҷувоз

Обҷувоз, дастгоҳи шоликӯбие, ки ба воситаи об ҳаракат мекунад. Обҷувоз аз тир (дарозиаш 5 метр, диаметраш 30—35 сантиметр), парра, лингкӯб, дӯл ва нова иборат. аст. Нова аз 3 тахтаи пайвасти 5—6 метра иборат буда, як тарафи он ба баландӣ, ба роҳи об, тарафи дигараш ба парра, ки аз но­ва поёнтар меистад, рост шинонда мешавад.

Тирро ба қисми болоии нова, ба турмдони аз ду тараф воқеъбуда кӯндаланг мегузаронанд. Аз нова 3 метр дуртар чуқурӣ кофта, атрофашро тахтабандӣ мекунанд ва ба он шолӣ меандозанд. Лингкӯб дастаест, ки ба нӯгаш дандонаҳои чӯянии дарозиаш то 1 метр шинонда, нӯги дигари онро ба ходачаи 3 метр дуртар воқеъташта мепайванданд.

Оби аз нова меомадагӣ ба парраҳо бархӯрда, тирро ба гардиш медарорад. Шамшеракҳои тирба лингкӯб мезананд, лингкӯб шолиро кӯфта биринҷ мекунад. Ба воситаи асбоби махсуси чӯбӣ ша­моли сунъӣ ҳосил намуда, биринҷ аз патосаки шолӣ тоза карда меша- вад. Ҳоло Обҷувоз хеле кам мондааст, ҷои онро заводҳои пуриқтидор ги- рифтаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …