Маълумоти охирин

Обишир

Обишир, мағораҳоест дар давраи мезолит, ки дар маҷрои қадимаи дарёи Сӯх, соҳили рости сои Обишир. вилояти Фарғона воқеъ аст. Соли 1966 отряди археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои РСС Узбекистон дар Обишир хафриёт гузаронд. Мағораҳои 1 ва 5 ба ҳазораи 8 то милод тааллуқ доштаанд.

Обишири 1—25,5 метр паҳноӣ, 12 метр баландӣ дощт. Аз он кордҳои сангӣ, парма, дарафш, нуклеусҳо ёфтшуданд. Обишири S—200 метр ғарбтар аз Обишири 1, дар нишебии кӯҳи Қатронтоғ рӯ ба ҷануб воқеъ гашта, 8 метр паҳноӣ, 10 метр баландӣ дорад. Он аз 3 қабати маскун иборат буда, қабати поёниаш ба давраи атиқа (ғафсиаш 100—120 сантиметр), қабатҳои дуюм (ғафсиаш 30—40 сантиметр) ва сеюм (ғафсиаш 3—4 метр) ба давраи мезолит мансубанд. Аз қабати дуюм олоти сангӣ, устухони ҳайвонот ёфт шудаанд. Дар қабати сеюм олоти сангӣ камтар ба назар мерасад.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …