Маълумоти охирин
Главная / Илм / Обикиик

Обикиик

Обикиик, қароргоҳест дар давраи мезолит, мансуби ҳазораи 8—7 то милод. Соли 1948 А. П. Окладников кашф ва соли 1964 бостоншинос В. А. Ранов тадқиқ намуд. Қароргоҳ байни дараи Даҳана ва водии Обикиик дар суфачаи 10—12 метр баландтар аз водӣ воқеъ аст. Як тарафи суфача ба адири қаторкӯҳи Даҳана мерасад. Қисми асосии бозёфтхо аз нишебиҳои ҷарӣ ҷамъ оварда шудааст.

Дар натиҷаи хафриёт дар масоҳати 28 метр2 қабати маскун ёфт нашуд. Олоти чақмоқ-сангӣ танҳо дар болои гили регдори зардхок ба даст омад. Дар кароргоҳи Обикиик ҷамъ 456 олати сангӣ ёфт шу­дааст. Дар байни онҳо чунин навъҳои олот ҳаст: нуклеусҳои микроли­тии суфта, тарошкордҳо, тезкунҷаҳо, сегментҳо.

Қариб ҳамаи олоти дар қароргоҳи Обикиик ба даст омада аз чақмоқсангҳо иборат аст. Олоти шакли хандасӣ — сегментҳо ҷолиби диққатанд, ки ба бозёфтҳои қароргоҳи мезолитии Шарқи Наздик монанд ва эҳтимол далели аз Афғонистони Шимолӣ ба нохияҳои кӯҳии ҷануби Тоҷикистон омадани офарандагони ин маданият бошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …