Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обигармӣ

Обигармӣ

Обигармӣ деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 31 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 365 нафар (1981), тоҷикон. Со­ҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …