Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обидов Иброҳим Обидович

Обидов Иброҳим Обидович

Обидов Иброҳим Обидович (таваллуд 20.6.1923, деҳаи Пӯлодони райони Конибодом), педагоги советии тоҷик, аъзо-корреспондент АФП СССР (1968), доктори илмҳои педагогӣ (1974), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1952; иш- тирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Обидов соли 1941 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом, 1951 Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм намудааст. Фаъолияти педагогиашро соли 1939 дар курсҳои маҳви бесаводӣ ҳамчун муаллим cap кардааст, солҳои 1946—54 муаллим, инспектор, мудири кабинети педагогии шӯъбаи маорифи           халқи pайони Конибодом,

1954—57 аспиранти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, 1957—60 ҳодими калони илмии Иститу­ти таърихи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, 1960—61 ҷонишини директор, 1961—69 директори Институти тадқигқоти илмии илмҳои педагогии РСС Тоҷикистон, 1969—75 досенти Институти давлатии педагогии Ду­шанбе, 1975—78 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони РСС Тоҷикистон; аз соли 1978 декани факултети такмили ихтисоси директорони мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ дар назди Институти давлатии педагогии Душанбе, аз июни 1980 мудири кафедраи педагогикаи ха­мин институт. Обидов беш аз 220 таълифот дорад.

Тадқиқоти Обидов асосан масъалаҳои таърихи инкишофи маорифи халқи РСС Тоҷикистон, илми педагогика, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникиро дар бар мегирад. Оид ба инкишофи маданияти халқи тоҷик, методикаи фании таърих, хаёти педагогхои намоён, нахустин муаллимони респуб­лика, машъалони соҳаи маориф ва маданият як қатор мақола ва рисолаҳо чоп кунондааст. Обидов муҳаррир ва муаллифи бисёр асарҳои коллек­тивист. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Основание: Очерки мухтасари таърихи мао­рифи халки Точикистон. Душанбе. 1965; Исто­рия развития народного образования в Таджикской ССР (1917—67), Душанбе, 1968; Развитие народного образования и педа­гогической мысли в Таджикистане за го­ды Советской власти. Душанбе, 1967; Тараккиёти маорифи халки Тоҷикистон дар зарфи 60 сол, Душанбе, 1982.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …