Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оби ҳаёт

Оби ҳаёт

Оби ҳаёт  – оби ҳайвон, оби Хизр, оби зиндагӣ обест, ки ҳар кас аз он нӯшад, намемурдааст; яке аз образҳои бадеӣ дар фолклор ва адабиёти форс-тоҷик. Оби афсонавие будааст, ки гуё Хизр онро аз зулмот пайдо карда нӯшид ва умри ҷовидон ёфтааст. Дар эҷодиёти классикони форс-тоҷик Оби ҳаёт борҳо ёд мешавад. Ҳофиз гуфтааст:

Дӯш вақтн сахар аз ғусса наҷотам

доданд,

В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам

доданд.

Афсонаву ривоятҳои зиёде оид ба Оби ҳаёт дар байни халқи тоҷик мавҷуданд. Мувофиқи ривояте Искандари Мақдунӣ (дар афсонаҳо Искандари Зулқарнайн) барои пайдо кардани Оби ҳаёт баромад, вале ба мақсад нарасид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …