Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои ювенилӣ

Обҳои ювенилӣ

Обҳои ювенилӣ (аз лотинӣ juve­nilis— ҷавон), обҳоеро гӯянд, ки бори нахуст аз қаъри Замин ба гидросфераи зеризаминӣ дохил ме­шаванд. Ин истилоҳро соли 1902 геоло­ги австриягӣ Э. Зюсс пешниҳод кар­дааст. Обҳои ювенилӣ ба қишри Замин дохил шуда, бо обҳои дигар омехта мегарданд.

Дар табиат обҳои соф ювенилӣ вонамехӯранд, зеро онҳо ҳангоми ба қабатҳои болоии Замин баромадан бо обҳои атмосферӣ омехта ме­шаванд. Дар таркиби обҳои зеризаминӣ мавҷуд будани миқдори зиёди кислотаи карбон, гелий ва гидроген аз Обҳои ювенилӣ дарак медиҳад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …