Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои территориявӣ

Обҳои территориявӣ

Обҳои территориявӣ, б а ҳ р и территориявӣ, минтақаи баҳрие, ки ба соҳил ё обҳои дохилии давлате пайваст буда, қисми территорияи давлатро ташкил медиҳад. Обҳои территориявӣ, сатҳ, қаъри онҳо ва фазой ҳавоии ин обҳо ба доираи истиқлолияти давла­ти наздисоҳилӣ дохил мешаванд. Ре­жими Обҳои территориявиро Конвенсияи байналхалқӣ оид ба баҳрҳои территориявӣ ва минтақаи ҳамшафат соли 1958 (СССР онро 20 октябр I960 эътироф кардааст) ва инчунин қонуни дохи­лии давлатҳои ҷудогона танзим ме­кунанд.

Ҳудуди Обҳои территориявӣ  аз хати ҷазри калонтарин ё сарҳади обҳои дохилӣ ё аз хати ба ном базисӣ cap мешавад. Ҳуқуқи байналхалқӣ аз 12 м мили баҳрӣ зиёд шудани худуди Обҳои территориявиро манъ мекунад. То соли 1975 ка­риб 100 давлат Обҳои территориявии паҳноияшон то 12 м мил доштанд.

22 давлати дигар бинобар ҳал намудани масъалаи паҳноии Обҳои территориявӣ  дар Конвенсияи соли 1958 бари Обҳои территориявиро то 200 м мил муқаррар карданд (аз ҷумла Бразилия, Перу, Серра-Леоне, Уругвай ва Эк­вадор). СССР .тарафдори мустаҳкам намудани лимити Обҳои территориявӣ  дар ҳудуди 12 мил буда, дар айни ҳол тайёр аст, ки ҳуқуқи мустақил доштани давлатҳои наздисоҳилиро ба ҷустуҷӯ ва тадқиқи ҳайвонот, наботот ва маъданҳои минтақаи баҳрии ба Обҳои территориявӣ пайваст, эътироф намояд.

Киштиҳои тамоми давлатҳо бо риояи қоидаҳои Конвенсия ҳақ до­ранд аз Обҳои территориявӣ гузаранд (гузаштани онҳо бояд амнияти давлати наздисо- ҳилиро халалдор накунад, киштиҳои зериобӣ бояд аз рӯи об гузаранд ва ғайра.

Як қатор давлатҳо (аз ҷумла СССР) муқаррар кардаанд, киштиҳои ҳарбии хориҷӣ баъди иҷозати пешакии давлати дахлдор ҳуқуқи аз Обҳои территориявӣ гузаштан ва ба баҳрҳои дохилӣ даромаданро пайдо мекунанд. Дар Обҳои территориявӣ аксари давлатҳо бе қарори махсус бо киштиҳои хориҷӣ гузарондани тадқиқот, корҳои гидрографӣ ва шикор манъ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …