Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои термалӣ

Обҳои термалӣ

Обҳои термалӣ (аз юнонӣ ther- me — гармӣ), обҳои зеризаминии қишри Замин, ки ҳарораташон 20° Селсия ва аз он баланд аст. Изотермаи 20° Селсия (ҳудуде, ки дар он ҳарорати ҳаво, замин ва об баробар аст) дар ноҳияҳои яхбандии бисёрсола аз чуқуриҳои 1500—2000 метр, дар ноҳияҳои субтропикӣ аз чуқуриҳои 100 метр ва аз он камтар мегузарад, вале дар наздикии минтақаҳои тропикӣ озотермаи 20* Селсия ба рӯи замин мебарояд.

Дар ҳавзаҳои артезианӣ ба воситаи пармачоҳҳо аз чуқуриҳои 2000—3000 метр обҳои ҳарораташон 70— 100РСелсия ва аз он баланд гирифта мешаванд. Дар кипварҳои кӯҳӣ (масалан, кӯҳҳои Алп, Кавказ, Тибишон, Помир) Обҳои термалӣ ба рӯи замин дар шакли чашма­ҳои гарми сершумор (ҳарорат то 50— 90° Селсия), дар ноҳияҳои вулқонизми ҳозира бошад, ҳамчун гейзерҳо ва фаввораҳои буғ падид меоянд (дар ин ҷойҳо чуқурии пармачоҳ 500— 1000 метр буда, ҳарорати об 150—250* Селсия аст), ки ҳангоми ба берун рехтан онҳо омехтаи буғу об ва буғро ҳосил мекунанд (Паужетка дар Кам­чатка, Гейзерҳои Калон дар ШМА, Уайракей дар Зеландияи Нав, Лардерелло дар Италия, гейзерҳо дар Исландия ва ғайра).

Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ, газдорӣ ва минералнокӣ Обҳои термалӣ ширин ва шӯртаъми гидрокарбо­нат ва гидрокарбонату сулфатдор, калсий, натрий, нитроген, гази кар­бону гидрогенсулфиддор, инчунин шӯр ва намакобҳои хлорид, натрий ва калсию натрийдор, нитрогену ме­тан ва фақат метан, гоҳо гидрогенсулфиддор мешаванд (нигаред низ обҳои минералӣ).

Обҳои термалиро аз қадимулайём ба мақсадҳои муолиҷа кор мефармуданд. Дар СССР Обҳои термалии ширину нитрогендори аз кислотаи силикат бойро дар курортҳои машҳури Белокуриха дар Олтой, Кулдур дар кишвари Хаба­ров ва ғайра, гази карбондорро дар курортҳои Пятигорск, Железно- водск, Ессентуки, гидрогенсулфиддорро дар курорта Сочи-Масеста истифода мебаранд. Дар балнеология Обҳои термалиро ба субтермалӣ (20—37°Селсия), термалӣ (37—-42°Селсия) ва гипотермалӣ (аз 42°Селсия баланд) ҷудо меку­нанд.

Дар ноҳияҳои вулқонизми ҳозира ва ба қарибӣ рӯй додаи Италия, Ис­ландия, Мексика, СССР, ШМА ва Япония як қатор стансияҳои электрӣ бо Обҳои термалии ниҳоят гарми ҳарораташон аз 100° Селсия баланд кор мекунанд. Дар СССР ва мамлакатҳои дигар (Болга­рия, Венгрия, Исландия, Зеландияи Нав, ШМА) Обҳои термалиро барои гарм кардани манзилгоҳу корхонаҳо, ниҳол- хонаю гулхонаҳо, инчунин ҳавзҳои шиноварӣ ва ба мақсадҳои технологӣ истифода мебаранд.

Тамоми шаҳри Рейкявик (пойтахти Исландия) ва дар СССР микрорайонҳои шаҳрҳои Қизлар, Махачқалъа (РАСС Доғистон), Зугдиди, Тбилиси (РСС Гурҷистон), Чер­кесск (кишвари Ставрополи РСФСР), ниҳолхонаю гулхонаҳои Камчатка ва Кавказ бо Обҳои термалӣ гарм карда ме­шаванд.

Дар территорияи Тоҷикистон низ чашмаҳои обашон гарм хеле бисёранд, ки машҳуртарини онҳо: Хоҷаоби- гарм (98°), Ҷавонӣ (Гармоба), Оби- гарм (56°), Обисафед (54°), Гарм- чашма (62°), Яшилкӯл (75°) ва ғайра буда, дар қисми кӯҳии республика воқеъ гаштаанд. Дар водиҳои ҳамвори Тоҷикистон тавассути парма- чоҳҳои чуқур чашмаҳои гарми Ҳавотоғ (54°), Комсомол (90°), Андигон (51—54°), Қароқум (52—60°), Кичикбел (85°) ва ғайра дастраси умум гардонида шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …