Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои минерали

Обҳои минерали

Обҳои минерали, обҳои зеризаминӣ (гоҳо рӯизаминӣ)-ро гӯянд.ки дар таркиби худ ба миқдори зиёд баъзе элементҳои химиявӣ (йод, бром, ба­рий, литий, стронций, оҳан, фтор в а ғайра), газ ва пайвастҳои гуногун (га­зи карбон, гидрогенсулфид, радон, метан) доранд. Минералнокии Обҳои минералиро миқдори моддаҳои ҳалшаванда (ба ҳисоби грамм дар 1 литр об) муайян мекунанд.

Аз ин ҷиҳат Обҳои минералӣ чанд хел мешаванд: Обҳои минералии дараҷаи ми- нералнокиашон ниҳоят паст (1-^-2 грамм/литр), паст (2—5 грамм/литр), миёна (5—15 грамм/литр), баланд (15—30 грамм/литр), шӯр 35— 150 грамм/литр) ва намакобҳо (150 грамм/литр ва аз ин зиёд). Обҳои минералии дараҷаи минерал- нокиашон аз 2 то 20 грамм/литрро барои нӯшокӣ истифода мебаранд. Ҳарорати Обҳои минералӣ  низ як хел нест. Обҳои минералӣ  вобаста ба тарзи пайдош ва дар қишри За­мин ҷойгир шуданашон хунук (то 20РСелсия), мӯътадил (20—37°С), гарм (термалӣ, 37—42° Селсия) ва ҷӯшон (42° Селсия ва аз он боло) мешаванд.

Обҳои минералӣ ба туфайли чашмаю пармачоҳҳо ба рӯи замин мебароянд, ки чуқурии онҳо ҳатто ба якчанд километр мерасад. Обҳои баъзе кӯлу баҳрдо низ аз сабаби шӯриашон ба қатори Обҳои минералӣ дохил мешаванд. Таркиби Обҳои минералӣ одатан бо таърихи инкишофи геологӣ, хусусияти сохти тектоникӣ, литология, шароитҳои геотермӣ ва дигар хусусиятҳои маҳал алоқаманд аст.

Хосияти шифобахшии Обҳои минералиро элементҳо ва газҳои фоиданок, сифат ва миқдори моддаҳои органикии таркиби онҳо муайян мекунанд. Аксари чашмаҳои шифобахш захираи зиёди Обҳои минералӣ до­ранд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истифодаи дарозмуддат мувофиқ мебошанд. Дар СССР чашмаҳои сулфат ва гидрокарбонатдори Нарзан (Кис­ловодск) , карбонату аптидриддори Железноводск, Пятигорск, Ессенту­ки, сулфурдори Чимён ва Учқизили РСС Ӯзбекистон, Масестаи РСС Гурҷистон, азотдори Қизилтелпа (PCС Ӯзбекистон), Иссиқота (РСС Қазоқистон) ва ғайра машҳуранд.

Дар территорияи Тоҷикистон бештар аз 200 чашмаи Обҳои минералӣ ҳаст, ки маъмултарини онҳо обҳои гарм ва хунуки гази карбонатдоранд. Таркиби хи­миявӣ ва ҳарорати ҳар кадоми он­ҳо гуногун буда, аҳамияти калони муолиҷавӣ доранд. Инчунин обҳои гидрогенсулфиддор, радор, оҳан, фтор, арсен, йоду бром ва силисийдор, обҳои шӯр ва намакобҳо мавҷуданд.

Аз ин обҳо дар курорту са­натория ва табобатгҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷаобигарм, Шамбарӣ, Явроз, Алдигон (Орҷоникидзеобод), Обигарм, Томдикӯл, Гармчашма ва ғайра барои табобати касалиҳои тарбод, дарди миён, пӯсти бадан, муолиҷаи гулӯю узвҳои нафас ва касалиҳои гинеко­лоӣи истифода мебаранд. Обҳои минералии Анзоб, Алмосӣ, Шамбарӣ, Зарафшон, Қавотоғ ва Бадахшонро ба шишаҳо рехта ҳамчун оби нушокӣ ва ши­фобахш истеъмол мекунанд.

Аз баъ­зе Обҳои минералӣ инчунин йод, бром, намакҳои ош, магний ва калий, сулфур, сулфат, сода ва ғайра мегиранд. Масъалаҳои пайдоиш, қонунияти ҷойгиршавӣ ва тарзи истифодаи Обҳои минералиро гидрогеология ва курортология меомӯзанд, як қисми захираи оби Заминро ташкил медиҳанд.

Захираҳои умумии О. з.-и хушкй беш аз 60 млн км3 аст. О. з.-ро сарвати аериэамипй мешуморанд, ки онҳо бар хилофи намудҳои дигари сарватқои аериза- мини дар процесси истифода аа иав барқарор мешаванд. Бо тадқиқи О. а. гидрогеология машғул аст. Дар СССР зиёда аа 100 ст. гидрогео­логи мавҷуд буда, бештар аз 25000 пуикти н&зоратиро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …