Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои дохилӣ

Обҳои дохилӣ

Обҳои дохилӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ, роҳҳои обии дохилӣ (дарёҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳое, ки дар ҳудуди давлате воқеъ гаштаанд) ва баҳрҳое, ки аз чаҳор тараф бо хоки фақат як давлат иҳота шудаанд (дар СССР, масалан, баҳри Арал). Ба Обҳои дохилӣ инчунин бандарҳои баҳрӣ, лангаргоҳҳою халиҷҳои хур­ди дохилӣ ва берунӣ ва соҳилҳое, ки ба ҳамон як давлат тааллуқ доранд, дохил мешаванд.

Роҳҳои обии халиҷҳо фақат вақте Обҳои дохилӣ ба ҳисоб мераванд, ки бари даромадгоҳи онҳо аз 24 мил зиёд набошад ва соҳилҳошон ба як давлат тааллуқ дошта бошанд (Конвенсияи Женева соли 1958 оид ба баҳрҳои территориявӣ ва минтақаи ҳамшафат, пункти 4, моддаи 7). Режими Обҳои дохилӣ инчунин ба халиҷҳои ба ном таърихӣ низ дахл дорад (масалан, халиҷи Бискай).

Юрисдиксияи давлати назди содил пурра ба Обҳои дохилӣ дахл дошта, қоидаи киштигардӣ ва моҳидориро дар онҳо танҳо бо қонунҳои ҳамон давлат муқаррар мекунанд. Киштиҳои давлатҳои хориҷӣ ба Обҳои дохилӣ танҳо дар асоси шарт- номаҳои байналхалқӣ медароянд. Давлати наздисоҳилӣ инчунин ре­жими бандарҳои баҳрӣ, қоидаи ба онҳо даромадани киштиҳои давлатҳои хориҷӣ- ва ғайраро муқаррар мекунад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …