Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обҳои артезианӣ

Обҳои артезианӣ

Обҳои артезианӣ, обҳои зеризаминиро гӯянд, ки дар чуқуриҳои гуногун байни қабатҳои обногузар ҷамъ шудаанд. Обҳои артезианӣ ҳамеша зери фишор буда, баробари кофтани пармачоҳҳо аз қабати обнигаҳдор болотар мебароянд ва ҳангоми ба қадри кофӣ баланд будани фиҳор ба рӯи Замин мебароянд ва ҳатто фаввора мезананд. Калимая артезиан аз номи музофоти Артуаи Франсия (лотинӣ Агtesium) гирифта шудааст, ки дар он ҷо (асри 12) аввалин бор дар Европа ин гуна чоҳ кофта шуда, аз он об баромада буд. Вале ин гуна чоҳҳо дар Хитою Миср аз замонҳои қадим маълум буданд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон Обҳои артезианӣ асосан дар ҳамвориҳо, канори хамиҳои байникӯҳӣ, водии дарёҳо, конусҳои селоварди дарёҳои калонтарин ва шохобҳои онҳо воқеъ гаштааид. Обҳои артезинӣ ҳарораташон баланд ва серминерал (инчунин обҳои гидрогенсулфиддор), ки барои нӯшидан ва об­ёрии заминҳо ба кор намерававд, дар табақаи ҷинсҳои синнашон то давраи чорумин ҷамъ шуда, якчанд горизонтҳоро ташкил медиҳанд.

Аз ин обҳо ашёи хоми минералӣ (йод, бром ва ғайра) гирифтан, онҳоро барои гарм кардани биноҳо, муолиҷаи бал- неологӣ истифода бурдан мумкин аст. Обҳои ширин ва нисбатан ши­рини артезианӣ,, ки барои нӯшидан, обёрии заминҳо ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ мувофиқанд, бо таҳнишастҳои давраи чорумин алоқаманданд.

Онҳо дар чуқуриҳои гуногун воқеъ гардида, якчанд горизонтҳои артезианиро дарбар мегиранд. Ҳоло дар республика зиёда аз 1000 пармачоҳи Обҳои артезиании ширин кофта шудааст, ки аз онҳо барои аз оби нӯшокӣ таъмин кардани маҳалҳои хурди аҳолинишин, дар корхонаҳои саноатӣ ба мақсадҳои технологӣ ва дар чарогоҳҳо барои об додани чорво истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …