Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Объектив

Объектив

Объектив, қисми ба объект ни­гарондашудаи системаи оптикӣ ё худ системаи оптикии мустақилест, ки аз якчанд линза иборат буда, тасвири оптикии ҳақиқии объектро ба вучуд меорад. Ин тасвирро бо окуляр визуалӣ мушоҳида кардан ё дар сатҳи ҳамвор (баъдан дар сатҳи каҷ) сабт намудан мумкин аст.

Объектиҳо аз рӯи сохташон л и н з а г ӣ (рефракторҳои диоптрсӣ, о и н а г ӣ (рефлекторҳои катоптрӣ) ва оинагию л и н з а г ӣ (катади­оптра) мешаванд. Вобаста ба таъинот навъҳои зерини Объективҳо маъмуланд: 1) Объективҳои гулбаҳои биниш ва телескопҳо, ки тасвирро хурд карда нишон медиҳанд; 2) Объективҳои микроскопӣ, ки тасвирро калон карда ни­шон медиҳанд; 3) Объективҳои фотографӣ ва проексионӣ, ки тасвирро калон; ё хурд мекунанд (вобаста ба конст­руксия ва тарзи истифода).

Масофаи қонунӣ (фокусӣ), ки ҳангоми аз Объектив ба масофаи додашу­да дур кардани объект калонкунии оптикии Объективиро муайян мекунад, равзанаи нисбӣ (қобилияти рӯшноигузаронӣ), диаметри равзанаи воридаи Объектив, дорои биниш ва ғайра нишондиҳандаҳои муҳимтарини Объектҳо мебошанд. Объектҳо вобаста ба масо­фаи қонуниашон кӯтоҳфокуса (фарохзовия), нормалӣ ва дарозконуна мешаванд.

Масофаи қонунии Объективи нормалӣ қариб баробари диагонали кадр, масофаи қонунии Объективи кӯтоҳконуна аз диагонали кадр хурд ва Объективи дарозконуна аз он калон мебо­шад. Дар чанбараки Объектив одатан қимати диафрагма нишон дода меша­вад. Масофаи қонуния Объектҳои фото  ва киноаппаратҳоро доимӣ ё тағйирёбанда месозанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …