Маълумоти охирин

Объект

Объект (лотинӣ objectum—предмет, аз лотинӣ objicio — ба пеш мепартоям, муқобил мегузорам), чизест, ки дар муқобили фаъолияти амалӣ ва маърифатии субъект қарор мегирад. Объект ашёест, ки ба фаъолияти инсон пайваст шуда, новобаста ба шуур ва иродаи ӯ вуҷуд дорад.

Дар айни за­мон объективияти реалӣ бароӣ ҳар як фарди дарккунанда чун Объект дар шакли фаъолият, забон ва дониш зуҳур меёбад. Ҳаракати маърифат аз дараҷаи муроқиба то ба таҷриба боиси пайдоиши Объекти назариявӣ мегардад, ки он аз маърифати таҷрибавӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Вале Объекти таҷрибавӣ ва назариявӣ ду соҳаи гуногуни фаъолият нестанд. Предметҳои маърифати назариявӣ, аз қабили газҳои идеалӣ, ҷисмҳои сахти идеалӣ ва ашёи дигари иде­алӣ ба таври реалӣ вуҷуд надоранд, балки дар забони назариявӣ ҳамчун василаи зарурии чудо кардан ва қайд намудани он ҷихатҳои Объект истифода мешаванд, ки бе дониши таҷрибавӣ онҳоро ба таври комил бо тамоми хусусиятҳояшон дар бар гирифтан имконпазир нест.

Статуси онтологии чунин Объектҳои назариявӣ монанди атомҳо, заррачаҳои элементарӣ ва ғайра барои шарҳи амалиёти Объектҳои таҷрибавӣ истифода мешавад. Масалан, бо ёрии назарияҳои молекулярию кинетикӣ шарҳ додани баъзе хусусиятҳои амалиёти макроҷисмҳо ва ғайра.

Ба ин минвол, ҳаракати доимии маърифат аз таҷриба ба сӯи назария ҳаргиз дур шудан аз як Объекти муайян ва табдили он ба баъзе мазмунҳои дигар набуда, балки во­ситаи инъикоси аниқи мазмуни дақиқии Объект мебошад. Таълимоти назариявию маърифатии мазкурро материализми диалектики инкишоф медиҳад. Ин таълимот ба ду назарияи фалсафӣ зид аст: аввалан, ба назарияе, ки Объекти донисташавандаро барои субъект бевосита додашуда медонад; сониян, ба таълимоте, ки Объектро «объективкунонии» модияти худи субъект меҳисобад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …