Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Обдаста

Обдаста

Обдаста, о ф т о б а, зарфи рӯз­гор аст, ки ба он об андохта, дасту рӯи шӯянд. Ғунҷонши Обдаста то 3 -литр буда. даҳонаш хурд (баъзан сарпӯшдор аст), гардан, даста ва ҷуммак (нӯл) дорад. Дар замонҳои кадим аз мис, сафол, биринҷӣ, баъдтар аз чӯян ме­сохтанд. Обдаста вобаста ба намуд ва ороишаш номҳои гуногун дорад: Обдастаи гулдор, ҷаъфарӣ, товусобдаста ва ғайра. Ҳоло Обдастаро дар заводҳо аз алюминий, пластмасса ва ғайра месозанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …