Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обченкунак

Обченкунак

Обченкунак (Amphibiocorisae, Gerromorphа), якчанд оилаи ҳашарот (Hydrometridae, Mesoveliidae, Hebridae ва Gerridae)-po гӯянд, ки ба ганданафасакҳои обӣ мансубанд. Танааш борики дарозрӯя (дарозиаш 2—34 миллиметр) аст: пойҳояш дароз буда, ба­рои дар об озод ҳаракат кардан ё тез лағжидан мувофиқ шудааст. Қисми поёни танааш бо мӯякҳои нуқрагуни тарна- шаванда пӯшида шудааст. Аксарияти Обченкунак бол надорад.

Дар рӯи об ё дар ушвазори рутубатнок зиндагӣ мекунад. Обченкунак дарранда буда, ҷасади ҳайвонҳои буғумпойро мемакад. Қариб 600 намудаш дар ҳама ҷо паҳн гаштааст. Дар обҳои ширини СССР бисёртар Gerris lacustris дучор ме­шавад. Дар Тоҷикистон кариб 15 намудаш (Hydrometra stagnorum, Н. gracilienta, Limnoporus rufosutella- tus, velia affinis ва г.) маълум аст. Heterobates dohrandti (нигаред расм) хоси дарёҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла Кофарниҳон ва Вахш) мебошад.

Адабиёт: Кириченко А. Н., Полужест­кокрылые (Hemlptera-Heteroptera) Тад­жикистана, Душанбе, 1964.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …