Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обанбори САРАТОВ

Обанбори САРАТОВ

САРАТОВ, обанборест дар вилоятҳои Саратов, Куйбышев ва Уляновски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. Баъди сохтани дарғоти Гидро Электро Стансияи Саратов дар дарёи Волга ба вуҷуд омадааст.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Солҳои 1967—68 бо об пур карда шуд. Масоҳаташ 1831 километр3, ҳаҷмаш 12,9 километр3, тӯлаш 357 километр, ҷои аз ҳама сербари он 25 километр, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 7 метр. Обанбор сарфи шаборӯзӣ ва ҳафтаинаи обро танзим менамояд. Обанбор ба мақсадҳои энергетика ва нақлиёти обӣ сохта шудааст. Оби Саратовро дар саноат, хоҷагиҳои коммуналӣ, инчунин барои обёрии заминҳо истифода мебаранд. Аз обанбор моҳӣ мегиранд. Дар соҳилҳои он шаҳрҳои Куйбышев, Чапаевск, Сизран, Хвалинск, Балаково ва ғайра воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …