Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Обанбори ҚАЙРОҚҚУМ

Обанбори ҚАЙРОҚҚУМ

obanbori-kayrokkum

ҚАЙРОҚҚУМ (обанбории Қайроққм, «Баҳри тоҷик»), обанборест дар қисми ғарбии водии Фарғона, асосан дар ҳудуди РСС Тоҷ. ва қисман РСС Узб. Қ. дар натиҷаи дар д. Сир сохта шудани дарготи гидроузели Қайроққум ба вуҷуд омадааст. Обанбор с-ҳои 1956—58 бо об пур карда шуд. Масоҳ. 513 км2, ҳаҷми об 4,2 км3, тулаш 55 км, ҷои аз ҳама сербараш 20 км, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 8,1м, ҷои чуқуртаринаш 25 м. Қ. сарфи обҳои мавсимӣ ва қисман бисьёрсоларо танзим мекунад. Обанбор бо мақсади беҳтар кардани обёрии заминҳои кишт ва обшор гардонидани зиёда аз 300 ҳаз. га заминҳои нав сохта шудааст. Аз Қ. моҳӣ (зағорамоҳӣ, с ин моҳӣ, шуртая ва ғ.) медоранд. Дар соҳили обанбор ш. Қайроққум воқеъ гаштааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …