Маълумоти охирин
Главная / Илм / Обакон

Обакон

Обакон, бемории шадиди сироятист, ки дар натиҷаи он дар пӯсти бемор обилачаҳои донашакл пайдо мешаванд. Ба Обак асосан бачагони то 10-сола гирифтор мешаванд. Баъди Обак организм нисбат ба он иммунитети устувор пайдо мекунад, ки он то охири умр боқӣ мемонад. Ангезандаи Обак вируси филтршавандаест, ки аз шахси бемор ба воситаи сулфа, атса ва ҳангоми сӯҳбат мегузарад.

Сипас, вирус ба хун дохил шуда ба пӯст паҳн мешавад. Дар пӯст аввал доғчаҳои сурх пайдо шуда, сонитар онхо ба обила табдил меёбанд. Дар охир обилаҳо кафида мехушканд ва дар ҷои онхо карахш ҳосил мешавад. Обак баъзан такроран медамад. Ҳарорати бемор то 38—39° Селсия баланд мешавад.  Ин ҳолат одатан 5—7 шаборӯз давом мекунад. Обилаҳои Обак аксар ба рӯй, зери мӯи cap, бадан ва баъзан ба дасту пой медаманд. Давраи инкубасионии беморӣ аз 11 то 21 шаборӯз да­вом мекунад.

М у о л и ҷ а: дар шаборӯзи аввал хатман бистарӣ кардани бемор; ба обилаҳо молидани перманганати ка­лий ва дигар воситаҳои антисептикӣ.

Пешгирӣ: аз бачагони бемор дур нигоҳ доштани бачагони солим; одатан то 21 шаборӯз карантин муқаррар мекунанд.

Адабиёт: Носов С. Д.. Учебник детских инфекционных болезней, Москва. 1961.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …