Маълумоти охирин

Об

Об, оксиди гидроген Н20, пайвасти химиявии гидроген ва оксиген; қисми таркибии ландшафт Замин буда, 71% масоҳати онро фа-ро гирифтааст. Таркиби об аз 11,19% гидроген ва 88,81% оксиген иборат аст. Массаи мол. 18,0160. Об моеъи беранг, бебӯй ва бетаъм аст. Об тамоми мағзи қишри Заминро фаро гирифта, ба шакли пардаи мономолекулавӣ тамоми ҷинсҳои кӯҳиро печонидааст ва бо навъҳои маъдан пайваст шуда, маъданҳои дигар офаридааст. Об дар зери замин баҳру кӯлҳои бузурги нонамоён ба вуҷуд овардааст.

Гидросфера 1,4—1,5 миллиард километр3, ат­мосфера 13—15 ҳазор километр3 ва литосфе­ра 1,3 миллиард километр3 об доранд. Аз миқдори умумии об 96,5 %-аш дар уқёнусу баҳрҳо ва 0,93%-аш дар қаъри замин мебошад. Оби ширин дар За­мин 2,53% буда, нисфи он дар яхдон Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доимӣ ва пиряхҳои кӯҳҳо (1,76%) маҳфуз ме­бошад. Дар зери замин 0,76%; оби дарёву кӯлу ботлоқҳо 0,01% захираи умумии оби Заминро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон оби фаровони ширин дорад. Миқдори асосии он дар пиряхҳои баландкӯҳ мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 50 дарё ҳаст. Дарёҳо аз оби яху борон пур мешаванд. Обанбори калонтарин ба дарёи Аму тааллуқ дорад (масоҳаташ 230000 километр2). Аз ҷиҳати захираи гид­роэнергетика Тоҷккистон дар СССР баъди РСФСР ҷои дуюмро ишғол мекунад (то 144 миллиард килоВат/соат). Аз тамоми моддаҳои табиӣ об дар шароити фишори нормали (760 миллиметр сутуни симобӣ) ягона моддаест, ки фосилаи ҳарорати гузариши фазагии аз ҳама кам дорад. Ҳарорате, ки об дар дар се ҳолати мӯътадил вуҷуд дошта метавонад ба О9 Селсия баробар аст.

Дар таркиби об изотопҳои гидро­ген ‘Н, *H(D), 3Н(Т) ва се изотопи оксиген (О—99,76%’, ,70—0,36% ва О—0,204%) ҳастанд. Об 18 ҳолати изотопӣ дорад. Дар байни онҳо оби вазнин (D20) аҳамияти махсус до­рад. Умуман дар таркиби об 33 хел зарра ҳаст, вале онҳо таркибу хосияти обро қатъиян дигар карда наме- тавонанд. Тамоми хосияти об асосан ба молекулаи            ва бо ион-

ҳои Н+ ва ОН” вобаста аст.

Структураи асосии об тетраэдр аст, ки онҳо бо якдигар бо бандҳои гидрогенӣ пайваст мебошанд. Дар ҳолати ях ин структура хеле равшан зоҳир мегардад. Аз рӯи модели назариявӣ (Н. Беррум) ду заряди манфӣ ва ду заряди мусбати молекулаи об дар қуллаи тетраэдри дуруст ҷойгир шудаанд, ки аз марказ 0,99 А дур мебошанд. Масофаи байни ядрои атоми оксиген то протони гидроген аз 0,91 то 1,03А, радиуси молекула 1,38 А. Якчанд модели об дар ҳолати моеъ ҳам ҳаст, ки муҳаққиқон асосан модели дуструктурагиро эътироф мекунанд (О. Я. Са­мойлов, Ҷ. Браун, Р. Фаулер, Ю. В. Чуриков). Таъсири банди гидрогенӣ боиси хусусиятҳои махсуси об — гармиғунҷоиши зиёд, ҳарорати баланди бухоршавию ҷӯшиш гардидааст.

Ба туфайли он, ки об дар табиат васеъ паҳн шудааст ва дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад, аз қадимулайём онро чун манбаи ҳаёт медонанд. Дар ривояту осори аксар халқҳои қадим (тоҷикон, ҳиндуён, юнониён ва ғайра) об пеш аз замину осмон вуҷуд доштааст. Яке аз файласуфони Юнони Қадим Фалес об­ро мандаи олам мешуморад, ки баробари хоку боду оташ оламро таркиб додааст ва гуногунии табиат маҳз ба зуҳуроти гуногуни об во­баста мебошад. Арасту ин чор унсури оламро ашёи воҳиде номид, ки он тар, сард, гарм ва хушк буда, зу­ҳуроти онҳо (об, бод, хок, оташ) метавонанд ба ҳамдигар мубаддал шаванд ва ё худ хосияти худро бай­ни ҳамдигар бадал созанд. Абуали ибни Сино ҳам алокамандии зичи об ва хокро нишон дода буд. Ин ақида то асри 18 давом кард ва ҳатто баъди кашфи оксиген ва гидроген обро чун моддаи яктаркибаи яклухт ме­шумориданд. А. Лавуазье соли 1783 об­ро чун зодаи сӯзиши гидроген исбот намуд. Соли 1785 А. Лавуазье бо Ж. Менье молекулаи обро таҷзия намуда, аз он гази оксиген ва гид- рогенро чудо карданд ва миқдори ин газҳоро дар молекулаи об муайян намуданд.

Мувофиқи яке аз назарияҳо об дар Замин дар натиҷаи амалиёти вулқонҳо пайдо шудааст (А. П. Виног­радов, Б. Н. Маркинин). Об реагенти химиявӣ ва ҳалкунандаи универсалӣ аст. Таъсири якдигарии молекулаҳои об боиси диссосиасияи  молекулаҳо ба иони Н+ мегардад, ки он фавран дар натиҷаи гидрата­сия иони гидросоний -Н30+ ва *”ОН ҳосил мекунад. Дар ҳарорат 374° Селсия об ба кислотаи тезе табдил меёбад, ки миқдори зиёди сангу хок, пайвастҳои уран, металлҳо (оҳан, мис, ҳатто тилло ва платина)-ро ҳал карда метавонад. Барқароркунандаҳо ба об дар ҳарорати нисбатан баланд таъсир мекунанд. Об бо аксари ме­таллҳо дар ҳарорати муқаррарӣ суст таъсир мекунад.

Оксигени атомӣ обро ба пероксиди гидроген табдил медиҳад, фтор дар ҳарорати муқаррарӣ обро таҷзия мекунад: 2Ғ2 + 2Н20 —► -*• 4НҒ + 02. Хлор ба об таъсир кар­да кислотаҳои НС1 в а НСЮ ҳосил мекунад. Ҳангоми дар ҳарорати баланд аз қабати ангишт гузаронидани бу­ғи об гази обӣ ҳосил мешавад: С + + Н20 -► Н2 + СО. Об инчунин бо аксари оксидҳои асосӣ ва кислотагӣ ба реаксия рафта асосу кислота ҳосил мекунад. Дар бисёр просессҳои химиявӣ об ҳамчун катализатор иштирок менамояд. Аз газҳое, ки дар обҳои табиӣ ҳал шудаанд, нитроген, оксиген, оксиди карбон (IV), баъзан сулфиди гидроген ва карбогидридҳоро номбар кардан мумкин аст. Консентрасияи моддаҳои органикӣ дар об ниҳоят кам мебошад. Чунин газҳо масалан, NH3, H2S, С02 ва ғайра дар об нағз ҳал мешаванд. Дар об бисёрии асосҳо, кислотаҳо ва намакҳо ҳал шуда, маҳлулҳо ҳосил мекунанд. Аз моддаҳои органикӣ дар об бештар моддаҳое, ки гурӯҳҳои қутбнок (—OH, —NH2, —СООН ва ғайра) доранд ва массаи молекулаашон на он қадар калон аст, ҳал мешаванд.

Об дар саноат ва хоҷагии халқ хеле аҳамияти калон дорад. Истеҳсоли аксари маҳсулоти саноатҳои химиявӣ, хӯрокворӣ ва сабук бо иштироки об  мегузарад. Реаксияҳои гидратасия ва гидролиз дар саноати химиявӣ барои ҳосил кардани асосҳо, кислотаҳо, пайвастҳои амфотерӣ, спирт ва ғайра истифода бурда ме­шаванд. Баъзе моддаҳо бо об пайваст шуда кристаллогидратҳо ҳосил мекунанд: CuSO* • 5Н20. Газҳо ҳам бо об пайваст шуда, дар натиҷа гидратҳои газӣ — клатратҳо (пайвастҳои газҳои инертӣ, метан, этан ва ғайра бо об) ҳосил мекунанд. Гидратҳое, ки дар онҳо миқдори об мутаносиб аст, маҳлулҳои сахт ва гидратҳое, ки таркиби онҳо ивазшаванда мебошад, сеолитҳо меноманд.

Об дар организм муҳити асосист, ки ба воситаи он дар организм му- бодилаи моддаҳо ба амал меояд. Вай инчунин субстрати як қатор реаксияҳои ферментативӣ мебошад. Реаксияҳоеро, ки дар растаниҳо, организми ҳайвонот ва инсон бо иштироки об ва маҳлулҳои гуногун дар хун ва ҳуҷайраҳо мегузаранд, осмос идора мекунад. Осмос ба чунин хосияти об асос ёфтааст, ки дар натиҷаи он об аз маҳлули консентрасияаш камтар ба сӯи маҳлули консентрасияи бештар ҳаракат меку­над. Маҳз ба туфайли осмос об аз реша то ба барг мебарояд ва аз рӯ­да ба хун мегузарад. Агар фишори мӯътадили осмос вайрон шавад ҳар чизи зинда обталаб мешавад. Ҳангоми нарасидани об дар организм фаъолияти ҳаёти он вайрон шуда, реаксияҳои биохимиявӣ қатъ мегардад ва организм мемурад. Ақидае ҳаст, ки мувофиқи он дар об реаксияи фотохимиявӣ — фотосинтези сафедаи зинда имкон дошта, дар об ҳаёти органикӣ пайдо шудааст.

Об ба хок ва иқлим таъсири калон дорад. Таркиби химиявии маҳлули обии қабати решадор ё худ маҳлули хок ҳамчун унсури асосии структураи хок, яъне комплекса ҷаббандаи хок, ки аз коллоидҳои минера­лӣ — алюмосиликатҳо, карбонати калсий, гипс, гумус ва ғайра иборат ме­бошад, барои сабзиши растанӣ аҳамияти калон дорад. Аз 7 навъ иоиҳои асосӣ — катионҳои калсий, маг­ний, натрий, калий ва анионҳо — гидрокароопатҳо, сулфатҳо ва хлоридҳо, ки дар об ҳал шудаанд, барои растаниҳо аз ҳама заҳрноктаринашон ионҳои хлоридҳо ва натрий мебошанд. Катионҳои натрий структу­раи хокро вайрон мекунанд. Агар оби зери замини бо оби рӯизамнн ҳамроҳ шавад боиси шӯр задани за­мин мешавад. Дар ин ҳолат заминро ё обшӯй мекунанд ё ба он сулфати калсий меандозанд.

Оби уқёнусҳо, ки 71% масоҳати Заминро фаро гирифтаанд, ба иқлими Замин таъсири калон мерасонад. Гармии офтоб дар оби уқёнус захира шуда, баъд ба воситаи ҷараёнҳои ҳаво ва об дар тамоми куран Замин паҳн мешавад. Яхҳои доимии қутбҳо ва пиряхҳои кӯҳҳо низ ба иқлим таъсир доранд. Об ба заминҷунбӣ ҳам таъсир мекунад. Муқаррар кар­да шудааст, ки дар ҷойҳои серзилзила баробари сохтани обанборҳои калони чуқур (то 100 метр) ва ё худ дар натиҷаи ба мағзи замин фиристонидани об заминҷунбӣ зиёдтар меша­вад. Дар навбати худ зилзила низ ба таркиби об таъсир мекунад. Ба­робари наздик шудани зилзилаи сахт дар таркиби об ионҳои нав пайдо шуда, миқдори газҳои ҳалшуда зиёд мешаванд. Олимони тоҷик ҳам дар тадқиқи ин масъала ширкат доранд.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони ҳозира муҳофизати табиат мебошад. Вале дар натиҷаи исроф кардан ва нодуруст истифода бурдани об партовҳои заҳрноки саноату хочагии қишлоқ ба дарёҳо ва баҳрҳо рехта мешаванд, ки онҳо оксигени таркиби обро нобуд карда обро вайрон мекунанд.

Об хусусияте дорад, ки агар ифлос шавад, худаш худашро тоза мекунад, вале ин қобилияти об меъёри муайян дорад ва агар ифлосии он аз меъёр гузарад, дигар об худаш худашро тоза карда наметавонад. Ба ин сабаб дар мамлакатҳои капиталисти дарёҳо, кӯлҳо ва ҳатто баҳрҳо ба дараҷаи хавфнок ифлос шудаанд. Дар мамлакати мо ба муҳофизати табиат алалхусус ба муҳофизати об диққати махсус дода мешавад. Дар Тоҷикистон рӯз то рӯз экология тараққӣ карда истодааст. Вазифаи аввала ва асосии он тоза нигоҳ доштани об ме­бошад, ки он аҳамияти калон дорад. Дар Тоҷикистон оид ба муҳофизати об Кодекси РСС Тоҷикистон оид ба об қабул шудааст.

Аз микдори умумии боришоте, ки дар миқёси республика меборад (68 миллиард метр3) соле 14,5 миллиард метрэ бухор шуда, 31 миллиард метр3 дар анҳору дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Боқимонда 21 миллиард метр3 ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ мешавад ва 1,5 миллиард метрэ чун захираи эҳтиётӣ дар барфхонаву пиряхҳои кӯҳҳо ҷамъ шуда мемонад.

Соҳаҳои хочагии қишлоқ ва саноати республика тараққӣ ёфта истодаанд, ки онҳо оби зиёдтар талаб мекунанд. Истеъмолкунандаи асосии об зироатҳои обӣ мебошанд, ки онҳо соли 1980 37%-и миқдори умумии обро истифо­да намуданд. Ин миқдор об баробари тамоми обест, ки соҳаҳои обталаби саноат истифода мебаранд. Талабот ба об рӯз аз рӯз меафзояд. Сарфи шаборӯзии об ба ҳар cap аҳолии шаҳри Москва баробари 500 литр аст. Сарфи об дар дигар шаҳрҳои мам- лакат 250—400 литр аст. Соли 1980 дар рес­публика барои нӯшидан ва дигар эқтиёҷоти рӯзгор қариб 350 миллион метрэ об сарф карда шуд. Дар Тоҷикистон оид ба масъалаи муҳофизати об муассисаҳои зерин машғуланд: Комитети босамар истифода бурдан ва муҳофизати об аз ифлосшавӣ дар назди Совети республикавии Ҷамъияти илмии техникии (НТО) РСС Тоҷикистон, Вазорати мелиорасия ва хоҷагии оби республика, Стансияи эпидемиологии республикавӣ. Ба риояи қонунҳои муҳофизати оби республика Управленияи истифодабарӣ ва муҳофизати оби Вазорати мелиорасия ва хоҷагии оби республика назорат меку­над.

Адабиёт: Ф ю р о н Р.. Проблемы воды на земном шаре, Москва. 1960; Рем и Г., Курс неорганической химии, том 1, Москва, 1963; Некрасов Б. В., Основы общей хи­мии, том 1, Москва, -1965; Виноградов А. П., Введение в геохимию океана, Москва. 1967.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …