Маълумоти охирин

О’ Кейси

О’ Кейси (O’ Casey) Шон (30. 3. 1880, Дублин —18. 9. 1964, Торки, Девоншир), нависандаи ирландӣ. коммунист. Аз оилаи камбағали протестантӣ. Дар трилогияи драмавии «Сояи тирандоз* (1925), «Юно­на ва товус» (1925), «Омоч ва ситораҳо» (1926) аз ҳаракати миллии озодихоҳии солҳои 10—20-и асри 20 нақл кардааст.

Дар драмаи қаҳрамонии «Ситора сурх мешавад» (1940), «Мазҳакаи аҷоиб», «Хокистари арғувонӣ» (1940), фоҷиаи «Садбаргҳои сурх барои май» (1942), мазҳакаи фантастикии «Хурӯс-дендӣ» (1949), песаи лирикии «Гулхани роҳиб» (1955) ва мазҳакаи «Нағораҳои падар Нед» (1958) О’ Кейси ахлоқи буржуазиро фош ва идеали револютсиониро тарғиб кардааст.

О’ Кейси муаллифи китоби 6-ҷилдаи таърихии ёддоштӣ «Оина дар донаи ман» (1939— 54), маҷмӯаи мақолаҳои танқидӣ ва публитсистист. Дар мақолаҳояш реализмро тарафдорӣ ва натурализму модернизмро маҳкум кардааст. Публитсистнкаи О’ Кейси дар мубориза ба­рои сулҳ мавқеи калон дошт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …