Маълумоти охирин

О. Генри

О Генри (0. Henry; тахалл.; но­маш Уильям Сидни Портер; 11.9. 1862 Гринсборо, Каролинаи Шимолӣ — 5. 6. 1910, Ню-Йорк), нависандаи америкоӣ. Соли 1894 муҳарриру ношири газетаи ҳафтаинаи ҳаҷвӣ буд ва аввалин таълифоташ дар он ҷо ба табъ расидаанд. Ҳисобчии банк низ буд, камомад кард ва се солро (1898—1901) дар ҳабсхона гузаронд.

Баъзе ҳикояҳои дар ҳабсхона навиштааш дар газетаҳои Ню- Йорк нашр шуданд. Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Чор миллион» (1906), «Чароғи фурӯзон» (1907) ва ғайра романи «Шодон ва карам» (1904) мебошад. Асарҳои ӯ бо сюжети тоза, анҷоми ғайриоддӣ ва юмори тамасхуромез фарқ мекунанд.

Қаҳрамони ҳақиқии 0′ Генри— «америкоии майда» ва ҳуқуқи ӯ барои саодат аст. 0′ Генри аз ҳаҷвҳои фошкунанда дур бошад ҳам, дар баъзе ҳикояҳояш аз хусуси нуқсонҳои Америка ба истеҳзои тезу тунд сухан мегӯяд. Чанд ҳикояи у ба забоин тоҷикӣ тарҷума шудааст: «Роҳҳое, ки мо интихоб мекунем», «Барги охирин» (1962), «Пешвои сурхпӯстон», «Ишқи санъат», «Ҷимми Валентин», «Фиръавн ва корал», «Муассисаи хайрия» (1968).

 

Основание: Избранное произведения, том 1—2, Москава, 1959.

Адабиёт: Л е в и до в а И., О. Генри и его новелла, Москва, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …