Маълумоти охирин

Няя

Няя (савскр., айнан — қонун, қоида, умуман мантиқ), яке аз равияҳои фалсафаи Ҳинди Қадим. Дар таълимоти Няя мантиқ ва гносеология мавқеи калон доштааст. Пайдошни Няя бо номи ҳакими афсонавӣ Готама вобаста аст. Мувофиқи таълимоти Няя таркиби олами моддиро атомҳо таш­кил медиҳанд ва омезиши онҳо боиси ташаккули ҳамаи предметҳо мегардад.

Ғайр аз ин дар олам ҷонҳои зиёде вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд озод ба атомҳои моддӣ во­баста бошанд. Худо Ишвара ҳамчун мабдаи олии маънавии танзимдеҳ офаранда ва бунёдкори ҷон ва атомҳо набуда, балки алоқаи онҳоро таъмин менамояд ва ё ҷонро аз атомҳо озод мекунад. Аввалин бор дар Ҳиндустон дар асоси Няя назарияи қиёс (силлогизм) офарида шуда­аст. Асос, исбот, мисол, татбиқи исбот, натиҷа нишонаҳои асосии он аст. Няя чор усули маърифат: эҳсос, хулоса, аналогия ва шаҳодатномамону маъхазҳои қадимро эътироф менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …