Маълумоти охирин

Нютон

Нютон (Newton) Исаак (4. 1. 163, Вулсторп —31. 3. 1727, Кен­сингтон), физик, математик ва астрономн англис. Университети Кембриҷро хатм намуда, унвони илмии бакалаврро гирифтааст (1665). олҳои 1665 —67 дар вақти паҳншавии каса­лии тоун дар деҳаи худ Вулсторп зиндагӣ кардааст ва он солҳо дав­раи пурмаҳсултарини фаъолияти илмии Нютон ба ҳисоб меравад. Соли 1668 Нютон ба унвони ма­гистр соҳиб шуд ва 1669 сарварии кафедраи физика ва математикаи Университети Кембриҷро ба ӯхда гирифт (то 1701). Нютон соли 1672 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон интихоб гардид (аз соли 1703 президенти он), аз соли 1699 аъзои хориҷии Академияи Фанҳои Париж.

Соли 1705 ба Нютон барои корҳои илмиаш унвони дворянӣ дода шуд. Нютон асосҳои назариявии механика ва астрономияро тартиб дод, қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд, асосхои ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралиро кор карда баромад, телескопи оинагиро ихтироъ кард. Нютон муаллифи корҳои муҳимми эксперименталӣ оид ба оптика мебошад. Нютон аз солҳои студентиаш ба оптика шавқ дошт.

У дар асари «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» (1672) фарзияи сохти корпускулавӣ доштани рӯшноиро пешниҳод кард. Нютон дар асари худ «Оптика» (1674) аберрасияи рушноӣ, интерференсия, дисперсия, дифраксия ва поляризасияи рӯшноӣ ва дигар ҳодисаҳоро баён намуд.

Ӯ аввалин шуда дарозии мавҷи рӯшноиро чен кард. «Асосҳои математикии философияи натуралӣ» (1687) асари муқимми Нютон ба шумор меравад. Дар ин0 асараш Нютон ақидаҳои олимони гузашта (Г. Галилейt Р. Декарту И. Кеплер ва дигар) ва натиҷаҳои илмии ба даст овардаи худро ҷамъбаст намуда, системаи механикаи замил ва осмонро, ки он асоси механикаи классикӣ мебошад, ба вуҷуд овард. Нютон мафҳумҳои асо­сии механикаи классикиро таъриф додааст, чунончӣ ба масса ва зичӣ мутаносиб будани микдори мате­рия, ба импулс мутаносиб будани миқдори ҳаракат ва ба намудҳои гуногуни қувваҳо, инчунин ба 3 «ак­сиома ё қонундон ҳаракат»-и машҳури худ: қонуни инерсия (қонуни 1-уми Нютон), тағйирёбии миқдори ҳаракат (қонуни 2), таъсир ва акси таъсир (қонуни 3)-ро таъриф дода­аст.

Нютон аз қонуни 2-юм ва 3-юм қонуни бақои миқдори ҳаракатро барои системаи маҳдуд баровард. Нютон қонуни ҷозибаи ҷаҳониро баён на­муд; ҳамаи сайёра ва кометаҳо ба Офтоб, радифхо ба сайёраҳо бо қуввае кашида мешаванд, ки ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа мебошад. Ӯ исбот намуд, ки аз қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ қонунҳои Кеплер бармеоянд. Нютон дар ин асараш хусусиятҳои ҳаракати Моҳро фаҳмонд, инчунин шакли Замин ва хусусиятҳои ҳаракати он­ро аниқ намуд.

У масъалаҳои гидро­статика ва гидродинамикаро аз нав кор карда баромад; ҳаракати ҷисмро дар муҳит (газ ва моеъ) вобаста ба суръати омехташавии онҳо дида ба­ромад, суръати паҳншавии садоро дар муҳитҳои эластикӣ тахлил на­муд. Нютон асосҳои ҳалӣ ва интегралиро кор карла баро­мада, байни худ характери чаппа доштани ҳисоби дифференсиалӣ ва ҳисоби интегралиро кашф намуд. Корҳои илмиашро дар соҳаи қаторҳои беохир дар китоби «Методи флюксия…», ки солҳои 1670—71 навишта соли 1736 чоп шуд, пурра баён кардааст. Нютон формулаи биномро барои нишондиҳандаи дилхоҳ ҷамъбаст намуда (нигаред Бинома Нютон), дар соҳаи математикаи ҳисобкунӣ усули тақрибан ҳал намудани муодилаҳо ва формулаи интерполясия- ро кашф намуд. «Нютон физикаеро, ки мо ҳоло онро физики «класси­кӣ» меномем, маҷбур намуд, ки ба таври хоса фикр ронад…» (Вавилов С. И.)

Нютон ба ҷаҳонбинии материалистӣ соҳиб буд, аммо вай ба дин ҳам эътиқод дошт ва сабаби пайдоиши ҳаракати коинот (нахуст зарба)-ро дар худо медид. Бо вуҷуди он Нютон илмро аз дин тамоман чудо мекард.

Адабиёт: Вавилов С. И., Исаак Ньютон, Москва 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …