Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нӯшин Абдулҳусайн

Нӯшин Абдулҳусайн

Нӯшин Абдулҳусайн (1910, Теҳрон — 1970, Москва), нависанда, театршинос ва актёри эронӣ. Дар Теҳрон ва Франсия таҳсил кардааст. Соли 1933 факултети санъати драмаи Консерваторияи шаҳри Тулузаро хатм намуд. Барои навсозии театри Эрон ва мутобиқ кардани он бо театрҳои европоӣ вай ба песаҳои классикии европоӣ («Отелло»-и У. Шекспир, «Мурғи кабуд»-и М. Метерлинк ва ғайра, ба форсӣ тарҷумаи худи ӯ) муроҷиат мекард. Ин песаҳоро ӯ дар теат­ри «Фарҳанг»,  ки худаш ташкил карда буд, намоиш медод.

Бо номи «Фосид-ул-ахлоқ», «Марям» драмаҳо офарид. Махсусан, песаи ӯ «Бонги хурӯс» (1947) хеле машҳур аст. Дар ин песа аз муборизаи коргарони Эрон сухан меравад. Аз ҷиҳати ғоявию бадеӣ дар песа таъсири М. Горкий ба назар мерасад. Нӯшин муаллифи повести реалистии «Хон ва дигарон» (1959) дар бораи зиндагии пурмашаққати деҳқонони Эрон, инчунин асарҳои театршиносӣ мебошад. Ба забони форсӣ «Дар қаър»-и М. Горкий, «Саги ёбоӣ Динго ё Қиссаи ишқи аввали Р. Фраерманро (бо номи «Саги велград») ва ғайраро тарҷума кардааст. Нӯшин яке аз муҳаррирони чопи интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (нашри Академияи Фанҳои СССР) буд.

Основание: Алимуродхан и другие, Москва, 1962.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …