Маълумоти охирин

Нӯшдору

Нӯшдору (противоядие) гӯё доруе бу­да аст ҷонбахш, зидди марг. Мувофиқи равобити «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Рустам пас аз захмдор кардани Сӯҳ­роб ӯро шинохт ва аз кардааш пу­шаймон шуда, барои сиҳат шудани Сӯҳроб, ки дар дами марг буд, тавассути Гударз аз Ковус Нӯшдору хост.

Ковус аз тарси он, ки Рустам бо писараш Сӯхроб қувваи тоза гирифта, ӯро бештар таҳқир хоҳад кард, аз додани Нӯшдору худдорӣ намуд. Танҳо пас аз марги Сӯҳроб Рустам Нӯшдоруро ба даст овард. «Нӯшдору пас аз март Сӯхроб» таъбири машҳурест, ки дар мавриди илоҷ дустан ба кори аздастрафта гуфта мешавад. Дар эҷодиёти шоирони гузашта ва имрӯза ишораҳои зиёде ба ин лаҳзаи достони Рус­таму Сӯҳроб мушоҳида мешаванд. Масалан:

Нӯшдору чӣ суд хохад дошт,

Чун шуд аз мулки зиндагӣ Сӯҳроб.

                                                                      (Ибни Ямин).

Баъд аз ин лутфи ту бо мо ба чӣ монад,

донӣ,

Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб расад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …