Маълумоти охирин

Нӯл

Нӯл, м и н қ о р, узви паррандаҳост, ки аз ду ҷоғи дарози бедандон ҳосил шуда, рӯяшро ғилофи шохӣ — рамфотека пӯшондааст. Рамфотека муттасил фит ва хӯрда шуда, боз месабзад ё соле як бор нав мешавад. Дар ҷанини паррандаҳо дар болонӯл дандони байзавӣ инкишоф меёбад, ки он барои шикастани тухм(ҳангоми баромадани ҷӯҷа) кӯмак мерасонад.

Андоза ва шакли Нӯл хеле гуногун буда, вазифаи доштан, пора кардан, газидан, сӯрох кардан, кофтан, тоза кардани парҳо, сохтани лона ва ғайраро ядро менамояд.

Ҳосилаи нӯлмонанд дар баъзе ширхӯрҳо (клоакадорҳо), хазандаҳо (сангпушт) ва нармбаданҳои сарпо мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …