Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нӯҳ ибни Нарс

Нӯҳ ибни Нарс

Нӯҳ ибни Нарс (Нӯҳи 1) (соли таваллуд номаълум — вафот 25.8.954), Шоҳи давлати Сомониён. Солҳои 943—954 ҳукм рондааст. Нӯҳ 10 апрели 943 дар натиҷаи сӯиқасди рӯҳониён ва сипоҳниён дарбор бар зидди падараш Наср ибни Аҳмад ба тахт нишаст. Нӯҳ ибни Нарс баробари ба сари ҳокимият омадан тарафдорони харакати қарматияро зери тозиёна гирифт ва пешвои он Муҳаммади Нахшабиро қатл кард.

Дар ахди Нӯҳ ибни Наср ӯ барои мустаҳкам кардани ҳокимият чораҳо андешида бошад ҳам, нишонаҳои таназзули давлати Сомониён ҳувайдо буданд; норизоги сипоҳиёни дарбор, исёнҳои баъзе намояндаҳои хонадони Сомониён ва феодалони маҳаллӣ афзуд. Нӯҳ ибни Наср соли 947 пойтахти худ ш. Бухороро якчанд моҳ аз даст дод, якчанд сол бо ҳокими Чағониёп Абӯалии Чағонӣ мубориза бурд ва соли 952 маҷбур шуд, ки ӯро сипаҳсолори Хуросон таъин кунад. Дар замони хукмронии Нӯҳ ибни Наср аҳволи оммаи меҳнаткаш бад шуд; андоз як сол аз мӯҳлат пеш ғундошта мешуд. Аз бинохое, ки Нӯҳ ибни Наср солҳои 951—52 дар самти ҷануби ғарбии ш. Бухоро сохта буд, то асри 12 ягонто боқӣ намонда буд.

Адабиёт: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинения, том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Саманидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X вв.), Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …