Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нӯҳ ибни Мансур

Нӯҳ ибни Мансур

Нӯҳ ибни Мансур (Нӯҳи II) (соли таваллуд номаълум — вафот 23. 7. 997), шоҳи давлати Сомониён, дар синни 13 ба тахт нишастааст ва давлатро аз номи ӯ модараш ва баъдтар вазир Абдулҳусайни Утбӣ идора мекард. Солҳои 80 асри 10 баъди вафоти Утбӣ дар дохили давлат байни лашкаркашон Тош, Фоиқ, Абӯалии Симҷурӣ ва дигар низоъ бархост. Ғайр аз ин лашкари Сомониён аз оли Бӯя шикаст хӯрд. Дар натиҷа бисёр вилоятҳои давлати Сомони-ён ба дасти исёнгарон афтод.

Та­моми музофоти Хуросон дар амал ба Абӯалии Симҷурӣ итоат мекард. Дар чунин шароит дар Ҳафтруд ва Қошғар давлати Қарахониён пурзӯр шуда, соли 992 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум овард. Нӯҳ ибни Мансур кӯшиш мекард, ки мамлакатро мудофиа намояд, аммо ноком шуд: аҳолӣ ӯро тарафдорӣ накард, даъват ба ғазавот натиҷа набахшид, чунки Қарахолиён ҳам мусулмон буданд, ҳокими Хуросон Абӯалии Симҷурӣ пинҳони тарафдори Буғрахони Қарахонӣ буд, сарлашкар Фоиқ ба тарафи душман гузашт. Қарахониён Бухороро забт карданд ва Нӯҳ ибни Мансур ба Омул гурехт. Вале марги ногаҳонии Буғрахон вазъиятро тағйир дод ва лашкариёни Қарахониён Бухороро ғорат кар­да, ба қароргоҳи худ баргаштанд.

Соли 994 Нӯҳ ибни Мансур бо ёрии ҳодими Ғазна Сабуктегин исёнгарони Абӯалии Симҷурӣ ва Фоиқро дар Хуросону Балх торумор намуд ва бар ивази хизмат писари Сабуктегин Маҳмудро ҳокими Хуросон таъин кард. Ҳамин тавр, ҳокимияти Нӯҳ ибни Мансур барқарор гардид, аммо солҳои 995—996 вилоятҳои шимоли шарқии ҳавзаи Сирро аз даст дод, ки дар онҳо вилояти Фарғонаи давлати Қарахониён (марказаш Ӯзкан) барпо гардид. Дар сол- ҳои охири ҳукмронии Нӯҳ ибни Мансур давлати Сомониён тамоман суст гарди- да, дар он дастнишондаҳои Сабук­тегин хӯҷаинӣ мекарданд. Дар чунин вазъият Нӯҳ ибни Мансур вафот кард.

Адабиёт: Бартольд В. В.. Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Сочинения, томI Москва 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство’ Саманидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X в».), Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …