Ню-Йорк

Ню-Йорк (New Vork), яке аз шаҳрҳои калонтарини дунё. Маркази муқимми хоҷагӣ, молиявӣ, нақлиётӣ, сиёсӣ ва мадании ШМА. Дар шимол соҳили уқёнуси Атлантик ва резишгоҳи дарёи Гудзон ҷой гирифтааст. Иқлимаш мӯътадили сернам. Ҳарорат миёнаи январ — 1° Селсия, июл 23° Селсия. Бо- ришоти солона 1000 миллиметр. Масоҳат 816 километр3, аҳолиаш 7,9 миллион (аз ҷумла 21% зангиҳо, 1973), бо атрофаш 11,6 миллион нафар Шаҳр ба 5 район тақсим шудааст: Манхттан, Бруклин, Куинс, Бронкс ва Ричмонд. Онро мэр (ӯро халқ интихоб мекунад) ва совети мунисипиалӣ идора мекунад. Ню-Йорк дар таъминоти доимии ҳукумати федералӣ мебошад.

Соли 1614 дар ҷазираи Манхаттан аввалин истехкомҳои мустамликадорони голландӣ пайдо шуданд. Дар инҷо соли 1626 деҳаи Амстердами Нав ба вуҷуд омад, ки маркази колонияи гол­ландӣ (дар Америкаи Шимолӣ) гардид. Англисҳо соли 1664 онро ишғол карда Ню-Йорк номиданд. Ню-Йорк то асри 18 қасабаи савдогарону шикорчиён буд. Солҳои 1785—90 пойтахти муваққатии ШМА. Дар давраи Ҷанги граждании 1861—65 дар ШМА зиёда аз 100 ҳазор сокини Ню-Йорк дар сафи армияи Шимол бар зидди ғуломдорони штатҳои ҷануб мубориза бурд.

Дар ибтидои асри 20 Ню-Йорк ба бандари калонтарини ҷақон табдил ёфт ва яке аз марказҳои асосии ҳаракати коргарии ШМА буд. Соли 1857 Клуби ком- мунистӣ таъсис шуд, ки он соли 1867 ба секцияи Интернасионали 1-ум табдил ёфт. Солҳои 1918—20 дар Н.- Й. барок муқофиаатн Россия аз ин~ тервенцияи хориҷй митингу намоишхо барпо шуданд. Ню-Йорк яке аз марказҳои ҳаракати зангиҳо бар зидди нажодпарастӣ ва ҳаракати тарафдорони сулҳ мебошад. Ню-Йорк қароргоҳи ТДМ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ аст.

Ню-Йорк бандари асосии баҳрии ШМА, яке аз бандарҳои калонтари­ни баҳрии дунё буда, 3 аэропорт дорад, ки калонтаринаш аэропорти байналхалқии Ҷ. Кеннеди. Ню-Йорк дар ҷаҳони капиталистӣ бозори калонтарини ғалла, қанд, қаҳва, каучук, металлҳои сиёҳ, ранга ва дигар молҳо. Шаҳр аз ҷиҳати маркази молия ва тиҷорат аҳамияти калон дорад: дар он идораҳои банкҳои калон, ширкат- ҳои суғуртавӣ, иттифоқҳои саноатии мамлакат ҷой гирифтаанд ва қариб 10% маҳсулоти саноати ШМА- ро медиҳад. Соҳаҳои асосии саноат: дӯзандагӣ, полиграфӣ. Саноати мошинсозӣ, коркарди металл (аз ҷумла электротехникию радиоэлектронӣ ва ғайра), химия, софкории нефт ва саноати хӯрокворӣ хеле тараққӣ кардаанд.

Дар Ню-Йорк ҳайкали ёдгории «Озодӣ», Тоқи Вашингтон, 6 университет, зиёда аз 40 коллеҷ, музеи санъат, Метро­политен-музей ва музеи санъати замони ҳозира ва театрҳои зиёде ҳастанд. Ню-Йорк маркази асосии идеоло­гию пропагандаи роҳбарони сиёсии ШМА мебошад. Дар ин ҷо11 марка­зи телевизион, агентии телеграф, нашриётҳои асосӣ ва ғайра ҷой гириф­таанд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …