Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нузҳатномаи алоӣ

Нузҳатномаи алоӣ

«Нузҳатномаи алоӣ»  (номаи тафарруҷ барои Алоуддавла), асари энсиклопедӣ, таълифи Шоҳмардон ибни Абулхайр, ки дар Астаробод таълиф шудааст. Ин асар аз илмҳои даври худ, пеш аз ҳама илмҳои табиию таърих баҳс мекунад. Мундариҷаи он чунин аст: табиати инсон ва анатомияи вай, ҳайвонот, наботот, фулуззот ва маъданиёт, чор унсури табиат, риёзиёт, ҳайат, мантиқ, нуҷум, таъбири хоб, инчунин зикри қариб 40 пешаву ҳунар, зикри асбобҳои рӯзгор, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра.

Баъзе қисмҳо донишҳои амалиро дар бар мегиранд, чу­нончи тарзи мубориза бо ҳашароти зараррасонандаи кишту зироат, пайванд кардани дарахтони мевадор, пешгӯӣ кардани ҳаво ва аломатҳо ва ҳодисаҳои табиӣ; дафъ кардани доғ ва лакка дар либос ва ашёи ди- гар, тасвири нишон додани найрангҳо (фокусҳо) ва ғайра. Ин асар баробари илмҳои табиӣ, баъзе маълумоти таъриӣ ва оид ба таърихи маданият низ дорад. Аз ҷумла, шарҳи мухтасари ривоятҳои каҳрамонии Эрон, ки аз тарзи таҳрири Фирдавсӣ фарқ мекунад (масалан, корномаи Огуш — пи­сари Вихозони Дайламӣ, ки ба «Шоҳнома» дохил нашудааст).

Дар ин китоб маъҳазҳои ба илми ҳозира номаълум низ мавҷудаиц, масалан, «Гурднома»-и Рустами Лориҷонӣ, ки гӯё воқеаҳоро аз Каюмарс то подшоҳии Шамсуддавла Абутоҳир волии Ҳамадон фаро мегирифтааст. Ин асар яке аз аввалин доиратулмаорифҳои форсӣ-тоҷикӣ буда, ба­рои илми ҳозира аҳамияти фавқулода дорад.

Шоҳмардон ибни Абулхайр ба забони арабӣ доиратулмаорифи табиию таърихиро таълиф намуда, баъд онро ислоҳу такмил дода, ба забони форсӣ-тоҷикӣ гардонида, ба марзбони Дайлам — Алоуддавла Абукаланҷар Гаршоси ибни Алӣ ибни Фаромурз ибни Алоуддавла Муҳаммад ибни Душманзиёр — ланҷумин ва охирин намояндаи оли (сулолаи) Кокуя, ки охирҳои асри XI ва аввали асри XII ҳокими шаҳри Язд буд, тақдим кардааст.

Соли таълифи ин асар маълум набуд, фақат соли 1958 профессор A. Н. Бол­дирев онро муайян кард. Дар «Нузҳатномаи Алоӣ» баъзе маълумот дар бораи Ибни Сино ва «Донишнома»-ни ӯ низ ҳаст. Шумораи дастнависҳои маълумшудаи «Нузҳатномаи Алоӣ» (дар ганҷинаҳои Европа ва Эрон) бисёр кам аст.

Ад: Болдырев А. Н. Муайян намудани таърихи таълифи «Нузҳатномаи Алоӣ» аз руи як рубоии Рӯдакӣ, Маҷм.: Рӯдакӣ ва замони ӯ, Сталинооод, 1956.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …