Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад

Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад

Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб (06. 04. 1279 — 17. 06, 1332, Қоҳира), энсиклопедисти араб (Миср). Дар Миср ва Сурия вазифаҳои давлатиро иҷро мекард. Муаллифи яке аз се маъмултарин энсиклопедияҳои давраи мамлукҳо— «Ниҳоят-ул-араб фӣ фунун-ил-адаб» мебошад, ки аз 31 ҷилд иборат аст. Маълумоти то соли 1331-ро ниҳоят дақиқ ва ҳаматарафа дарбар гирифтааст. Нувайрӣ хҳттоти моҳир низ буд ва асари худро 4 нусха рубардор кар­дааст. Ин энсиклопедия, ки Нувайрӣ 20 соли умри худро дар таҳияи он сарф карда буд, ба бисёр забонҳои европои тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …