Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нутқ

Нутқ

Нутқ  (ар. & — қобилняти гап задан, гуфтор), алоқаи забонӣ, яке аз намудҳои робитаи одамон. Нутқ ҳамчун воситаи мутобиқкунии фаъолияти якҷоя дар коллектив ба вудуд омадааст.

Дар адабиёти илмӣ оид ба моҳият ва вазифаҳон Нутқ ақидақои мухталиф вудуд доранд. Б. Кроче Нутқро воси­таи ифодаи эҳсосот мешуморад; 0. Дитрих, К. Яберг, К. Фосслер ду вазифаи асосии Нутқ— ифода ва мутобиқкуниро қайд кардаанд. Ба ақи­даи А. Марти, II. Вегенер Нутқ фақат воситаи таъсиррасонист. К. Бюлер Нутқро хамчун воситаи ифода, муроҷиат ва равобит медонад. Психолог- ҳоӣ муосир ду вазифаи асосии Нутқро нишон медиҳанд: а) Нутқ—восита ва олати алоқа; б) Нутқ— воситаи таълим ва олати тафаккур. Аз назари психо­логия ва физиология Нутқ яке аз функсияи вазифаҳои олии психикии одам аст. Дар ҷараёни  инкишофи психикии кӯдак Нутқи вай ба туфайли просессҳои торафт мураккабшавандаи алоқа тадриҷан ташаккул меёбад.

Вазифаи физиологии Нутқ, ки одамонро ба воситаи овозҳо алоқаманд мегардонад, аз ташкили Нутқ ва дарккунонӣ иборат аст. Маҷмӯи узвҳое, ки дар ташкили Нутқ ишхтирок доранд, аппарати Нутқ номида мешаванд. Дар просесси дарк анализатори сомеа ва системам асаб иштирок мекунанд.

Нутқи даҳонӣ аз овозҳои пайдарҳам (садонокҳо ва ҳамсадоҳо) ибо­рат аст. Ин овозҳо дар Нутқ одатан якҷоя талаффуз мешаванд. Ҳар одам тарзи талаффузи хос дорад. Пеш аз талаффузи овозҳо сигнал ба маркази Нутқ меравад. Баъди аз маркази Нутқи майна расидани «фармон» ба мушакҳои талаффуз овозҳои Нутқ ташкил меёбанд. Ташкили Нутқро бо роҳи наворгирӣ ва бо датчикҳои махсус

санҷидан мумкин аст. Баъзан вайронии Нутқ низ мушоҳида меша­вад. Сабабҳои асосии он: иллатҳои узвҳои Нутқ, нуқси бофтаҳои асаби онҳо, инчунин тағйироти табиӣ, иллат дар баъзе қисмҳои системаи марказии асаб. Хатои тартиби калимаҳо дар ҷумла, талаффузи нодурусти калимаҳо, овозҳо, риоя накардан ба суръат ва равопӣ, тутилагӣ, сақавӣ Нутқи вайрон аст. Карӣ ва гушвазнинӣ ҳам боиси вайронни Нутқ меша­вад. Вайронии Нутқ бештар бо руй додани касалиҳои алексия, аграфия, ва ғайра вобаста аст.

Баробари мураккаб шудани истеҳсолот ва инкишофи ҳаёти ҷамъияти мавқеи мубодила ба воситаи Нутқ то­рафт вусъат меёбад. Вайронии Нутқ дар ин вазъият барои одамон ғамангез аст. Тақрибан 30 фоизи одамоне, ки майнаашон осеб дидааст, баробари носозии ҳаракат дар Нутқ хондан, навиштан, шумурдан ва ғайра низ нуқс пайдо мекунанд.

Шакли дигари патологияи Нутқ ба ном л о г о н е в р о з, тутилагист, ки норасоии калони Нутқ ба шумор мера­вад. Тутилагӣ барвақт cap шавад ҳам, касалии бачагона нест, дар синни наврасӣ ва ҷавонӣ барҳам намехӯрад, солҳо давом мекунад. Бо вуҷуди оқибатҳои: вазнини касалии майна ва захми нейрон бо усули А. Р. Лурия ва шогирдони ӯ бисёр дардмандон табобат ёфта, _ба кори ҷамъиятӣ баргаштанд. Ҳанӯз баъзе масъалаҳои доир ба пайдоиши тутилагӣ норавшананд, зеро Нутқ яке аз вазифаҳои мураккаби мағзи cap аст. Бояд гуфт, ки тутилагӣ сабабҳои зиёде дорад: биологӣ, психологӣ, иҷтимоӣ. Дар табобати он бояд мутахассисони гуногун: ҳам логопеду духтурони асаб, ҳам психотерапев­ту психологҳо ишгирок кунанд. Вайронии Нутқро невропатологҳо ва логопедхо муайян мекунанд. Муолиҷаи амбулатории узвҳои Нутқ дар кабинетҳои логопедӣ, муолиҷаи стасионарӣ дар клиникаҳои махсуси Нутқ ба роҳ монда мешавад. Барои бачагоне, ки нутқашон нуқснок аст, мактабҳои махсус вуҷуд доранд. (Нигаред низ Логопедия).

Адабиёт: Выготский Л. С., Изб. пси­хологические исследования, Москва,       1958;

Ж и н к и н Н. И., Механизмы речи, Москва, 1958; Леонтьев А. А., Язык, речь, речевая деятельность, Москва, 1969; Лу­рия А. Р., Высшие корковые функции человека и их нарушения при локаль­ных поражениях мозга, Москва,  1982;

Шил о в с к ий В., Речь — дар бесцен­ный, Москва, 1978.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …