Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нутфа

Нутфа

Нутфа (ар. — манӣ), спер­матозоид (аз юнонӣ. sperma, spermn- t-os — тухм, zoon — мавҷудоти зинда ва eidos — намуд), хуҷайраи ҷинсии мард, наринаи ҳайвонот ва бисёр раставиҳо. Нутфа аз сарак, ки яд­ро ва хроматин дорад, гарданча ва думча иборат аст. Дум­чаи Нутфа вазифаи ҳаракатро иҷро мекунад. Нутфаи баъзе бемӯҳраҳо (масалан, баъзе харчангшаклҳо, канаҳо ва ғайра) думча надорад.

Бинобар ин ҳаракати онҳо ба ҳаракати амёба монанд аст. Нутфа дар тухмҳои дар просесси сперматогенез ҳосил мешавад. Ҳосилшавии Нутфаи одам аз даври ба балоғат расидан (14— 15-солагӣ) то пиронсолӣ давом ме­кунад. Нутфаи растаниҳо (антерозоидҳо) дар антеридий ҳосил мешавад. Антерозоидҳо ду ва ё якчанд думча доранд (масалан, дар обсабзҳои сабзу бӯр, баъзе ушнахо, сархас, чилбанд, мунмуна ва ғайра) ё тамоман бедумча мешаванд (масалан, дар аксари раста- ниҳои тухмдор).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …