Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нутасия

Нутасия

Нутасия (лотинӣ nutatio — лаппиш) дар механика, ҳаракати лаппандаи ҷисми сахт ҳангоми дар атрофи меҳвари худ давр задани ҷисм; ин гуна ҳаракат дар меҳвари даврзании хусусии ҷисм ба вучуд меояд ва ҳар қадаре ки ҷисм бо суръати калон давр занад, басомади лаппиши нутасионии он ҳамон қадар зиёд, амплитудааш кам меша­вад. Нутасия бо пресессия дар як вақт ба амал меояд. Ҳангоми Нутасия кунҷи байни меҳвари даврзании хусусии ҷисм ва меҳваре, ки дар атрофи он пре­сессия ба амал меояд, тағйир меёбад. Назарияи Нутасия ба муодилаҳои динамикии Эйлер асос ёфтааст.

Нутасияи астрономӣ дар лаппишҳои хурди меҳвари Замин зуҳур меёбад. Ба ҳа­ракати шаборӯзии Замин қувваҳои кашиши Офтоб ва Моҳ таъсир мерасонанд. Меҳвари даврзании шабо- рӯзии Замин тамоюли худашро нисбат ба эклиптика тағйир надода ҳа- ракаташро давом медиҳад, зеро қувваҳои пресессионии Офтоб ва Моҳ низ тағйир ёфта меистанд. Нутасияи даврзании меҳвари Заминро соли 1737 астрономи англис Ҷ. Брадлей кашф кардааст. Даври ин гуна лашшшҳои нутасионӣ ба 18,6 сол, яъне ба дав­ри гиреҳҳои мадори ҳаракати Моҳ баробар аст. Дар сфераи осмон қутб эллипси нутасионие мекашад, ки нимтирҳояш 9″21 ва 6″86 мебошад. Қимати Нутаисяро соли 1953 астрономи америкоӣ Э. Вулард дарёфтааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …