Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нутталлиоз

Нутталлиоз

Нутталлиоз, касалии ҳайвоноти тоқсум, ки паразитҳои якҳуҷайрагии нутталлия (Nuttallia egui) ба вуҷуд меорад. Дар тамоми дунё (ғайр аз Антарктида) аз ҷумла дар минтақаҳои ҷануби шарқӣ ва бисёр вилоятҳои марказии РСФСР-и СССР вомехӯрад. Нутталлиоз асосан баҳору тобистон мушоҳида мешавад, ки ин ба давраи авҷи афзошии канаҳо — паҳнкунандаи касалӣ рост меояд.

Ҳангоми ба Нутталлиоз сироят ёфтан ҳайвон беҳол, ҳарорати баданаш баланд ва қобилияти кориаш суст, милкҳои чашмаш зард шуда, миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хунаш кам мешавад. Нутталлиозро аз рӯи маълумоти клиникӣ, вазъияти эпизоотологӣ ва бо тадқиқоти микроскопӣ муайян мекунанд. Ҳангоми муолиҷаи Нутталлиоз аз препаратҳои химиотерапевтӣ истифода мебаранд. Пешгирӣ — маҳви канаҳои панҳкунандаи касалӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …