Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нусхабардорӣ

Нусхабардорӣ

Нусхабардорӣ просесси тайёр кардана нусхаи хуҷҷатҳои гуногун аст. Нусхабардорӣ яке аз зинаҳои асосии тайёр кардани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ, информатсионӣ, идоравӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Усулҳои зерини Нусхабардорӣ бешеар маъмуланд: диазонусхабардорӣ, фотонусхабардорӣ, нусхабардории электрографӣ, нусхабардории электронӣ, термонусхабардорӣ, микронусхабардорӣ.

Диазонусхабардорӣ яке аз усулҳои бештар маъмул ва арзони тайёр намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ буда, андозаи нусхаи аслиро маҳдуд намекунад. Диазоқоғазҳо, ки қобилияти тафриқаи баланд ва контрасти тасвири гуногун доранд, тасвири нусхаро дар худ ба ранги сиёҳу ҷигарӣ инънкос кунонда метавонанд. Ҳангоми дар диазоқоғаз нусха бардоштан дар он тасвири мавҳуми оригинал ҳосил мешавад, ки онро б а маҳлули ишқордор (масалан, КОН) андохта зоҳир мекунанд.

Сифати Нусхабардорӣ бо усули фотонус- хабардорӣ баланд мешавад. Фотонусхабардорӣ яке аз усулҳои маъмули тайёр кардана нусхаҳо ва ашколи чопӣ ба ҳисоб меравад. Фотонусхабардории рефлексиеро, ки бо ёрии он аз ҳамаи ҳуҷҷатҳо нусха бардоштан мумкин аст, васеъ истифода мебаранд. Нусхабардо- р и и электрографӣ имкон медиҳад, ки дар қоғазҳои муқаррарӣ нусхаҳои воҳидӣ ҳосил карда ва бо роҳи чопи офсетӣ ашколи чопӣ фароҳам оварда шавад. Фотонусхабардорӣ имкон медиҳад, ки ҳам нусха­ҳои воҳидӣ ва ҳам миқдори даркории нусхаҳои ҳуҷҷатҳо бо истифода бурдани чанд номгӯй ҷиҳози фотог6- рафӣ ҳосил карда шавад. Нусхабардории фотоэлектрониро барои дар қоғази муқаррарӣ, коғази калка, коғазҳои махсуси электротермӣ ҳо­сил кардани ашколи чопӣ ва нусха­ҳои воҳидии гуногунранг истифода мебаранд.

Ҳангоми дар наворҳои пластикӣ тайёр намудани ашколи чопии тра­фаретӣ (ротаторӣ) аз нусхабардории электронӣ васеъ исти­фода мебаранд. Хусусияти асосии аппаратҳои нусхабардории электро­нӣ дар он аст, ки масштаби нусхаҳоро бо осонӣ тағйир додан ва аз рӯи талаб ҷиҳози ҳисоббарор ва Нусхабардориро алоҳида истифода бурдан мум­кин аст. Ин усули Нусхабардорӣ имкон меди­ҳад, ки бо ёрии каналҳои алоқа ба масофаҳои дур тасвири ҳуҷҷатҳо нақл карда шаванд.

Термонусхабардорӣ яке аз усулҳои фаврӣ тайёр кардани нус­хаҳост. Дар давоми 3—10 сония нусхаи варақии ҳуҷҷатеро, ки ахбори хаттӣ, рақамӣ ё тасвириро дарбар мегирад, ҳосил кардан мумкин аст. Нусхаҳо дар қоғазҳои термонусхабардоранда ва муқаррарӣ тайёр карда мешаванд. Одатан, сифати нусхаҳое, ки ҳангоми термонусхабардорӣ ҳо­сил мегарданд, ва он қадар баланд аст, муддати дар термонусхаҳо мадҳфуз доштани тасвирот якчанд моҳро ташкил медиҳаду бас.

Микронусхабардорӣ, усу­ли техникиест барои Нусхабардорӣ аз материалҳои чопӣ, нақшаву дастнависҳо ва ғайра. Дар марказҳои информатсионӣ, архивҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашиву кон­структорӣ бештар истифода бурда мешавад. Бартариҳои микронусхабардорӣ асосан инҳоанд: фонди суғуртавии нусхаҳоро ташкил карда, аслияти ҳуҷҷатҳоро нигоҳ доштан; кам кардани эҳтиёҷот ба махзанҳо дар баробари кам кардани хароҷот барои нигоҳдории материалҳо, осон будани Нусхабардорӣ ва истифодаи он. Масалан, истифодаи микронусхабардорӣ боиси ба андозаи 90—95% кам шудани ҳаҷми махзанҳо мегардад, ба доираи васеи хонандагон дастрас шудани нашрияҳои нодиру пурқимат, ки аҳамияти бебаҳои таърихб ё худ арзиши баланди бадеӣ доранд, имкон медиҳад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …