Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум

 Нусратулло Махсум
Расми Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум ё худ “Лутфуллоев Нусратулло” (1.7.1881, деҳаи Чашмаи Қизилбеки Қаротегин, ҳозира райони Рашти Тоҷикистон—; 15.12.1938), ҳодими давлатии советӣ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1920. Солҳои 1895—1906 коргари яке аз за- водҳои Хуҷанд буд. Барои иштирок намудан дар ҳаракати коргарӣ соли 1906 аз завод хориҷ карда шуд. Ба зодгоҳаш баргашта то ғалабаи Револютсияи халқии Бухоро (1920) дар заминҳои боён муздурӣ кард.

Баъди ташкил ёфтани Республикаи Халқии Советии Бухоро (РХСБ) солҳои 1921—23 раиси комитет оид ба таъминоти Армияи Сурх дар вилояти Ғарм, намояндаи КИМ-и РХСБ дар Бухорои Шарқӣ, аъзои Комиссияи фавқулодаи диктатории КИМ-и РХСБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ буд. Солҳои 1923—24 ҷонишини раиси Комитети револютсионӣ ва раиси Комиҷроияи вилояти Ғарм.

Баъди ташкил шудани РАСС Тоҷикистон;. (октябр 1924) аввалин раи­си ҳукумати муваққатӣ — Комитети револютсионии республика буд. Солҳои 1926—29 раиси КИМ-и РАСС Тоҷикистон;., 1929—33 раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон, 1931 —33 яке аз раисони КИМ-и СССР. Аз соли 1933 дар Москва таҳсил кард. Нусратуллои Махсум солҳои 1926—30 аъзои КМ ПК (б) Ӯзбекистон, 1930—33 аъзои бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1927—34 аъзои КИМ-и СССР. Бо 2 орден мукофотонида шудааст.

Тасвири Нусратулло Махсум дар асъори миллии Тоҷикистон
Тасвири Нусратулло Махсум дар асъори миллии Тоҷикистон

Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени “Байрақи Сурх”, мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 1773 ба Нусратулло Махсум унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

 

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …