Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нуруллоҳи Шуштарӣ

Нуруллоҳи Шуштарӣ

Нуруллоҳи Шуштарӣ Амир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1611), насрнавис ва шоири форс-тоҷик. Нуруллоҳи Шуштарӣ  яке аз бузургони Шуштар буда, дар замони Акбар ба Ҳиндустон рафта, дар Лоҳур ба мансаби қозигӣ расидааст. Нуруллоҳи Шуштарӣ бо унвони «Манолис-ул-мӯъминин» ва «Аҳқоқ-ул-ҳақ» ду асар навиштааст. Ӯ дар шеър Нурӣ тахаллус мекардааст ва ғазалро некӯ месурудааст. Байте аз ӯ:

Хушпарешон шудаӣ, бо ту нагуфтам,

Нурӣ,

Офате ин сару сомони ту дорад дар пай.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …