Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нурулҳақи Баҳрин

Нурулҳақи Баҳрин

Нурулҳақи Баҳрин ибни Абдулҳай ибни Мавлоно Абдулқаҳҳор (тақрибан 1860, деҳаи Сангевни Қалъаихум — 1915, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Маҳдуми Аълам ном ҳамдеҳааш гирифт. Дар 21-солагӣ ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, масҷиди кӯҳнаеро обод кар­да, ба Мадраса табдил дод. Нурулҳақи Баҳрин шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш то ҳол дастрас нест. Дар тазкираву баёзҳо ғазалҳояш сабт шудаанд. Нурулҳақи Баҳрин дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ҳасбиҳолӣ, ишқӣ ва ғайра шеър сурудааст. Аз ашъораш бармеояд, ки Нуруллоҳи Баҳрин қашшоқона умр ба сар бурдааст:

Заифӣ он қадар қувват рабуд аз ҷисму

ҷони ман,

Ни оби шабнаме дар роҳи ман ҷавлонгаҳи қир аст.

Муҳити фазлро аз мояи ишрат чӣ мепурсӣ?

Забони хома то дам мезанад бар захми шамшер аст.

Ғазалҳои Нурулҳақи Баҳрин дар байни халқ машҳуранд. Онҳо ба репертуари физони маҳаллӣ дохил шуда, як ғазалаш ба яке аз оҳангҳои «Шашмақом» (шӯъбаи «Муҳайяри Ироқ»-и мақоми «Ирод») суруда мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …