Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нуруддини Насавии Муншӣ

Нуруддини Насавии Муншӣ

Нуруддини Насавии Муншӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Зайдарй ё Харандазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнавис ва шоири асри 12 форс-тоҷик. Баъд аз касби камол соҳиби девони иншои Ҷамолуддини Хоразмшоҳ гардида, дар сафарҳои вай ҳамроҳӣ карда, саргузаштҳои ӯро дар китобҳояш шард додааст.

Аз ӯ ду асар боқист, яке бо номи «Нафсат-ул-масдур» (ба забони форсӣ) ва дигаре бо унвони «Сирати Ҷалолуддин» (ба арабӣ), ки баъдан Муҳаммадалии Носеҳ — донишманди эронӣ ба форси тарҷума кардааст. Дар дар ду асар воқеаҳо бо ниҳояти устоди бо насри маснуъи бисёр фасед шарҳ дода шудаанд. Ӯ дар дар ду забон муншии забардаст буда, дар эҷоди шеъри форсӣ- тоҷикӣ ҳам қудрате доштааст ва намунае аз ашъораш то замони мо омада расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …