Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нуров Лочин

Нуров Лочин

Нуров Лочин (таваллуд 1934, деҳаии Пилдони райони Ҷиргатол), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Солҳои 1950—52 колхозчӣ, 1952—53 талабаи мактаби  механи­заторӣ, 1953—54 тракторчӣ, 1954— 55 дар сафи Армияи Советӣ, 1958— 62 бригадир-механик ва сардори бригадаи механи­конидашудаи комплексӣ ва аз соли 1965 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи М. В. Ломоносови райони Шаҳртуз. Бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, медалҳо, аз ҷумла 2 медали тиллою 2 медали нуқраи НКХХ СССР ва Грамотаи Фахрии Президиума Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …