Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нурчонов Низом

Нурчонов Низом

Нурчонов Низом (таваллуд 18. 12. 1923, Бухоро), олим, мунаққид ва театршиноси советии тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1968). Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон. (1974). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ. Соли 1947 Институти давлатии педагогии Душан­бе ва 1951 аспирантураи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1952 ҳодими илмии Институти таърихи кадемияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, аз соли 1958 мудири сектори таърихи санъати институти мазкур.

Бо ташаббуси Нурҷонов соли 1958 дар институт шуъ­баи таърихи санъат таъсис ёфт. Нурҷонов бисёр санъатшиносонро тарбия кардааст. Ба экспедисияҳои этног­рафии Тоҷикистон ва районҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон роҳбарӣ кард. Фаъолияти илмӣ ва адабии Нурҷонов дар соҳаи омӯхтани санъати театрӣ ва драматургияи тоҷик аз соли 1948 оғоз ёфт. Нурҷонов муаллифи чанд рисолаи ил­мӣ ва асарҳои тадқиқотии соҳаи театршиносӣ аст. Аз соли 1953 дар Институти давлатии педагогии Душанбе, сонӣ дар Университети Давлатии Тоҷикистон, аз соли 1967дар Институти дав­латии санъати Тоҷикистон (аз 1970 профессор) дарс медиҳад. Узви ИН СССР аз соли 1961. Бо 4 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Основание: Дар олами балет, Душанбе, 1975; Муҳаммадҷон Қосимов, 1978; Таджикский народный театр. Москва, 1958; История тад­жикского советского театра (1317—1941), Душанбе. 1987; Таджикский театр. Москва. 1968.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …