Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нуристониҳо

Нуристониҳо

Нуристониҳо, аҳолии асосии ноҳияи кӯҳистонии Нуристон, шимоли шарқии Афғонистон. Як қисми Нуристониҳо дар музофоти Читрол ва Дари Покистон низ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон қариб 125 ҳазор нафар (1978). Аз қабилаҳои катӣ, вайгали, ашгунӣ, празун, вама ва ғайра иборатанд. Нуристониҳо бо яке аз забонҳои гурӯҳи ҳиндуэронӣ гап мезананд.

Амир Абдурраҳмон охири асри 19 кишвари Нуристониҳоро забт намуда, дини исломро зӯран ҷорӣ кард, вале дар байни баъзе Нуристониҳо то ҳол дину оинҳои тоисломӣ боқӣ мондааст (парастиши оташ, қувваҳои фавқуттабиа, аҷдод ва ғайра). Мусулмонони гирду атроф Нуристониҳоро кофир ва сарзаминашонро Кофиристон меномиданд.

Ҳоло сарзаминашонро Нуристон ва худи мардумашро Нуристониҳо меноманд. Машғулияти асосии Нуристониҳо деҳқонӣ (гандум. ҷав, арзан, мушунг, ҷуворӣ) ва чорводорист. Боғу токдорӣ ва ҳунармандӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дар бай­ни қабилаи празун занон бо деҳқо- нӣ, мардон бо чорводорӣ машғуланд. Дар байни қабилаҳо ба табақадо ҷудошавии аҳолӣ (ашроф ва тоифаи ғуломони ҳунарманд) пурзӯр мегардад.

Адабиёт: Народы Средней Азии, Москва, 1957; Грюнберг А. Л., Нуристан. Этногра­фические и лингвистические заметки, «Страны и народы Востока», 1971.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …