Маълумоти охирин

Нурии Табрезӣ

Нурии Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Бино ба қавли Саид Нафисӣ (дар «Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ») ӯ ғазалсаро буда, ғазал бисёр гуфтааст. Аз рӯи ишораи Соммирзои Са­фавӣ (дар «Тӯҳфан Сомӣ») Нурии Табрезӣ «қасида бисёр гуфта, хеҷ касро дар шеър қабул надорад». Вале девон доштани ӯ дар ягон сарчашма ишорае нашудааст. Матлае аз як қасидаи ӯ:

Эй хуш он соқӣ, ки моро ҷоми беҳушӣ диҳад,

То зи мастӣ як замон моро фаромӯшӣ диҳад..

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …